расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Дар "Амонатбонк" беш аз 41 млн сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шудааст

. / Иқтисодиёт

Дар "Амонатбонк" беш аз 41 млн сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шудааст

Масъулини бонк гуфтаанд, камбуди молӣ дар ин бонкро аудити дохилӣ ошкор кард.

Сироҷиддин Икромӣ
Сурат: Радиои Озодӣ
Масъулини Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ҳафтаи гузашта гуфта буданд, ки дар пайи санҷиш ё аудити онҳо дар "Амонатбонк", беш аз 41 млн сомонӣ (ҳудуди 3,6 млн доллар) зарари молиявӣ ошкор шудааст.
Тавре Радиои Озодӣ хабар медиҳад, Сироҷиддин Икромӣ, раиси "Амонатбонк" рӯзи 9-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфтааст, " ин маблағҳоро на Палатаи ҳисоб, балки аудити дохилии бонк ошкор намуда, ба мақомоти Палатаи ҳисоб ва Прокуратураи генералӣ пешниҳод кард".
Раиси "Амонатбонк" ҳаҷми зарари молиявиро зикр накарда, вале афзудааст, ки он маблағҳо як дарсади дороиҳои бонкро ташкил намедиҳад.
Ба гуфтаи ӯ, то 31-уми декабри соли гузашта дороиҳои ин бонк 4,9 миллиард сомонӣ будааст.
Сироҷиддин Икромӣ қайд кардааст, кид, ки то ба ҳол ниҳоӣ нашудааст, ки маблағҳо аз кадом роҳ аз худ карда шудаанд. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Палатаи ҳисоб мегӯянд, ин маблағ аз суратҳисоби муштариён бе иҷозати онҳо гирифта шудааст.
Тибқи маълумоти Палатаи ҳисоб, аксари ин маблағҳо ба филиали рақами панҷи "Амонатбонк", воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, рост меояд ва ҳамакнун 23,6 миллион сомонии он барқарор шудаааст.
Ба гуфтаи мақомот, мудири шӯъба, сармуҳосиб ва хазинадори намояндаии шумораи панҷуми ин бонк дар Душанбе ҳоло дар боздошт қарор доранд ва парвандаи онҳо аз сӯи додситонӣ тафтиш мешавад.
Раиси "Амонтабонк" ҳам дар нишасти хабарии рӯзи 9-уми феврал гуфтааст, ки ба ҷуз ин се нафар, нисбати як корманди идораи марказии ин бонк низ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ӯ афзудааст, ки парвандаи ин корманд дар дасти мақомоти тафтишотӣ аст.
"Амонатбонк"-ро дар гузашта ҳам барои роҳ додан ба тақаллуб борҳо танқид кардаанд. Моҳи январи соли 2019 Палатаи ҳисоби Тоҷикистон баъзе аз кормандони "Амонатбонк"-ро ба дуздии маблағи буҷа ва пасандози муштариён муттаҳам кард.
Пештар Агентии зиддифасод ду масъули "Амонатбонк"-ро барои интиқолу мубодилаи ғайриқонунии маблағҳои ин ниҳоди молӣ боздошт карда буд. Ин ду нафар дар бинои асосии бонк дар шаҳри Душанбе фаъолият доштаанд.
"Амонатбонк" бузургтарин бонки давлатии Тоҷикистон аст, ки дар саросари кишвар намояндагӣ дошта, масъули пардохти нафақаи бознишастагон ва дигар кумакҳои иҷтимоии давлатӣ аст. Дар сохтори бонк 75 филиалу 546 марказ дар саросари кишвар фаъолият доранд, ки ба 7,4 ҳазор муассисаҳои давлатӣ ва 1 млн 600 ҳазор шахсони воқеӣ хизматрасонӣ анҷом додаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.