расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Таъмини бозорҳои Душанбе бо моҳии маҳаллӣ беҳтар шуд

. / Иқтисодиёт

Таъмини бозорҳои Душанбе бо моҳии маҳаллӣ беҳтар шуд

Нархи 1 килои он вобаста ба навъ аз 25 то 60 сомониро ташкил медиҳад.

Сурат: Asia-Plus
Имрӯзҳо аз хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ ба бозорҳои пойтахт моҳии тару тоза бо нархҳои дастрас оварда е, хабар медиҳад Вазорати кишоварзӣ.
Ба иттилои манбаъ, тибқи мониторинги гузаронида маълум шуд, ки дар бозорҳои пойтахт моҳиҳои навъҳои судак, гулмоҳӣ, амури сафед, ширмоҳӣ, сазан, талсталобӣ бо нархи аз 25 то 60 сомонӣ барои 1 кило фурӯхта мешаванд.
Гуфта мешавад, айни замон дар ҷумҳурӣ 353 адад ҳавзҳои моҳипарварӣ мавҷуд буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 53 адад зиёд аст.

Ин имкон дод, ки таъмини қариб ҳамаи бозорҳои шаҳри Душанбе бо моҳии тару тозаи истеҳсоли ватанӣ зиёду беҳтар шавад.

Тибқи маълумоти Вазорат, то 1 декабр дар Тоҷикистон 2,8 ҳазор тонна моҳи истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 601 тонна зиёдтар мебошад.
Қобили зикр аст, ки тайи солҳои ахир (солҳои 2010-2018) дар Тоҷикистон наздики 300-500 тонна моҳӣ истеҳсол карда мешуд. Замони шӯравӣ ин нишондиҳанда то ба 4 ҳазор тонна дар як сол мерасид.
Иқтидори умумии кишвар дар истеҳсоли моҳӣ 50 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон ба сурати умум зиёда аз 60 навъи моҳӣ парвариш карда мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.