расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати прокуроре, ки дар мошини ӯ Баҳром Ғафурӣ ҳалок шуд

. / Ҳаводис

Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати прокуроре, ки дар мошини ӯ Баҳром Ғафурӣ ҳалок шуд

Ӯ аз кор дар мақомоти прокуратура барканор шуд.

Ислом Анварзода
Сурат: шабакаҳои иҷтимоӣ
Нисбат ба Ислом Анварзода, собиқ муовини прокурори ноҳия Фирдавсии пойтахт - гунаҳкори эҳтимолии садамаи нақлиёт, ки дар он овозхони маъруф Баҳром Ғафурӣ ҳалок шуд, мутобиқи моддаи 212, қ. 4 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт) парвандаи ҷиноятӣ боз шуд.
Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ хабар дод, ғайр аз ин, бо қарори тафтишот Анварзода аз кор дар мақомоти прокуратураи Тоҷикистон барканор шудааст.
Ёдрас мекунем, ки то ҳодисаи садамаи нақлиёт ӯ ба ҳайси муовини прокурори ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе фаъолият мекард.
Ба гуфтаи манбаъ, муфаттишон ҳоло ба бозпурсии И.Акрамзода, ки дар бемористон бистарӣ аст, оғоз накардаанд.
Дар ин ҳодисаи садамаи нақлиёт автомашинаи истеҳсоли хориҷӣ, ки бо суръати баланд дар хиёбони Рӯдакӣ ҳаракат мекард, ба автомашинаи КамАЗ бархӯрд. Мошинро муовини прокурори ноҳияи Фирдавси пойтахт Ислом Анварзодаи 29-сола идора мекард.
Сурат аз шабакаҳои иҷтимоӣ
Дар маълумоти ВКД ҶТ қайд шуда буд, ки ронанда ва ду мусофири автомашинаи "Ленд Крузер-200" дар ҳолати мастӣ қарор доштанд.
Мусофири дохили автомашинаи мазкур сароянда Баҳром Ғафурии 44-сола аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Ҷасади ӯ дар зодгоҳаш - ноҳияи Рӯдакӣ ба хок супурда шуд.
Қаблан зикр гардида буд, ки бар асари ҷароҳатҳои бардошта дар садама, дасти чапи Ислом Анварзода бурида шуд.
Мусофири дигар Зарипов Баҳодур, соли таваллудаш 1986, сокини деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида буд. Тақдири минбаъдаи ӯ алҳол номаълум аст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Larrynip | Гости

    PBN sites We shall establish a network of PBN sites! Merits of our private blog network: We carry out everything so GOOGLE DOES NOT understand THAT THIS IS A private blog network!!! 1- We acquire domain names from various registrars 2- The main site is hosted on a VPS hosting (VPS is fast hosting) 3- Additional sites are on different hostings 4- We attribute a unique Google account to each site with verification in Google Search Console. 5- We make websites on WP, we do not utilize plugins with assisted by which Trojans penetrate and through which pages on your websites are established. 6- We refrain from reproduce templates and use only individual text and pictures We don't work with website design; the client, if desired, can then edit the websites to suit his wishes

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.