расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Мастӣ ба пастӣ мебарад…

. / Ҳаводис

Мастӣ ба пастӣ мебарад…

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 61-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 25-уми сентябри соли 2020, тахминан соати 17:00, дар ҳолати мастӣ дар кӯчаи Авитсеннаи ҷамоати шаҳраки Шӯроб бо марди 42-солаи сокини шаҳри мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо корд 1-маротиба ба шикамаш зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Мувофиқи хулосаи Ташхиси судӣ-тиббӣ ҷароҳати бардоштаи ҷабрдида ҳамчун зарари вазнин ба саломатӣ мансуб мебошад.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 46-солаи сокини ҷамоати деҳоти К.Исмоилови шаҳри Ваҳдат бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 16-уми сентябри соли 2020, тахминан соати 17:45-дақиқа, бо ҳамроҳии марди 54-солаи сокини шаҳри мазкур дар ҳолати мастӣ, дар дохили боғи марказии шаҳри Ваҳдат бо якдигар ҷангу ҷанҷол карда, гумонбаршаванда бо дасту пойҳояш ба сару рӯйи ҷабрдида якчанд маротиба зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ба соломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар шуъбаи эҳёгарии беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.