расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Тахриби майдони “Танк” дар Душанбе оғоз шуд

. / Ҳаводис

Тахриби майдони “Танк” дар Душанбе оғоз шуд

Иншооти марбут ба ҶБВ-ро ба Боғи Ғалаба бурда, дар ҷойи он эстакадаи дусатҳа сохта мешавад.

Дар Душанбе корҳои тахриби иншооти Майдони Ғалаба ё миёни мардум маъруф бо номи “Танк” оғоз шуд.
Коргарони машғул ба ин корҳо ба хабарнигори “Азия-Плюс” гуфтанд, дастур гирифтаанд, ки пояҳо (стелла) ва муҷассамаи танкро ба Боғи Галабаи пойтахт кӯчонанд.
Қаблан маълум шуда буд, ки дар ҷойи ин майдон сохтмони эстакадаи дусатҳа ба нақша гирифта шудааст.Дар ин лоиҳа пайвастшавии кӯчаҳои Шевченко ва Назаршоев, инчунин хиёбонҳои Саъдии Шерозӣ ва Айнӣ дар назар аст, ки ба ақидаи муаллифони лоиҳа, зерсохтори нақлиётии шаҳрро беҳтар мекунад.
Дар ҳамин ҳол, дарёфти маълумот дар бораи ҷузъиёти муҳлати кӯчонидани иншооти майдон ва оғози сохтмони эстакада аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Душанбе муяссар нашуд.
Қобили зикр аст, ки дар майдони Ғалаба барои ҳамаи сокинони Душанбе ёдгории муҳим - танки маъруфи ИС-2 (Иосиф Сталин) ҷойгир аст, ки дар амалиёти ҳарбии Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок кардааст.
Дар сурати бунёди эстакада ҳамаи иншооти наздик - биноҳои истиқоматӣ, Майдони “Ғалаба” ва “Танки ИС-2 (Иосиф Сталин)”, ки 35 сол пеш дар арафаи Рӯзи ғалаба - 9 май соли 1987 дар пойтахт, ҳамчун муҷассамаи ёдгорӣ қомат афрохта буд, тахриб мешаванд.
Дар маводи зерини “Азия-Плюс” дар бораи таъсири эстакадаҳо ба ҳалли мушкилоти танбашавӣ дар роҳҳои Душанбе маълумоти муфассал қобили дарёфт аст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.