расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ҷасади кӯдаки дусоларо Консулгарии Тоҷикистон дар Санк -Петербург ба Тоҷикистон мефиристад

. / Ҳаводис

Ҷасади кӯдаки дусоларо Консулгарии Тоҷикистон дар Санк -Петербург ба Тоҷикистон мефиристад

Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Санк-Петербург ҷасади кӯдаки 2-солаи тоҷик, ки бар асари афтидан аз ошёнаи 4-уми бинои истиқоматӣ дар ноҳияи Тосненскийи вилояти Ленингради Русия, дирӯз, 12-уми апрел дар беморхона даргузашт, ба Тоҷикистон мефиристад. Дар ин бора аз Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд.

Сафорат гуфтааст, ки аз марги кӯдак дар ҷараён буд, “тасаллияти амиқи худро ба хешу пайвандони фавтида изҳор менамояд”.
“Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия барои расонидани кӯмакҳои зарурӣ ба наздикону пайвандони фавтида ҷиҳати интиқол додани ҷасад ба Ватан изҳори омодагӣ намуд”, - омадааст дар иттилоияи Сафорат.
Ҳомидҷон Назарӣ, консули генералии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург зимни суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки шабона вазъи саломатиаш бадтар шуд ва “табибон ҳаёти кӯдакро наҷот дода натавонистанд”.
Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш як кӯдаки 2-солаи тоҷик аз қабати 4-уми бино ба замин сарозер шуда, бо захмҳои ҷиддӣ ба беморхона бурда шуд.
Гуфта мешавад, ки кӯдак аз беэҳтиётии волидайн ба замин афтодааст. Дар вақти ҳодиса, волидайнаш ба рӯбучин машғул буданд ва кӯдак ҳангоми баромадан ба панҷараи тиреза, ки дар сатҳи диван буд, аз тирезаи кушода ба замин сарозер шудааст.
Падари кӯдак 10 моҳ пеш аз Тоҷикистон ба Русия барои кор рафта, зану фарзандонаш (ба ҷуз кӯдаки марҳум дар хонавода ду кӯдаки дигар ҳастанд)-ро ба наздаш хонда буд.
Пас аз ин ҳодиса модарро ба далели надоштани ҳуҷҷатҳои дахлдор ба шӯъбаи корҳои дохилӣ бурданд. Ба гуфтаи Назарӣ, ҳоло ин зан озод шуда, ба Тоҷикистон меравад.

asiaplus

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.