расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ошкор гардидани ҷинояти ғоратгарӣ

. / Ҳаводис

Ошкор гардидани ҷинояти ғоратгарӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар бо ариза марди 45-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён муроҷиат намудааст, ки 10-уми марти соли 2021, тахминан соати 05:00, ҳангоми дар ҳолати мастӣ дар кӯчаи Осимии шаҳри Бохтар қарор доштанаш, шахсони номаълум ӯро лату кӯб намуда, бо роҳи ошкоро аз ҷайбаш 240 сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонони 19 ва 21-солаи сокинони ноҳияи Вахш ва шаҳри Бохтар, ки якеашон пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигараш пеш бо моддаи 248 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудаанд, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.