Суди олии иқтисодӣ ба баррасии қонуншиканиҳои маъмурӣ машғул мешавад
Дар парвандаҳо нисбат ба соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ.
Сурат: Asia-PlusРаиси Суди олии иқтисодии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода дар нишасти хабарии рӯзи 10 феврал ба рӯзноманигорон хабар дод, ки соли 2020 ба ин ниҳод 3563 арзу шикоят ворид шудааст.
Суди олии иқтисодии ҷумҳурӣ ба маблағи ҳудуди 410 млн сомонӣ талаботҳоро қонеъ намудааст.
Соли гузашта Суди олии иқтисодӣ 134 қарори ҳукуматҳои маҳаллиро дар бораи ҷудо кардани қитъаи замин ба шахсони ҳуқуқӣ - ширкату хоҷагиҳои фермерӣ ва ғайра бекор кардааст.
“Даъвоҳо нисбати ҷудо кардани қитъаҳои замин ба шахсони воқеӣ барои сохтмони манзил аз ҷониби судҳои умумӣ баррасӣ мешаванд”, - гуфт раиси Суди олии иқтисодӣ.
Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки аз ҳамин сол баррасии парвандаҳо оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ нисбат ба соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ ба ихтиёри судҳои иқтисодӣ дода мешаванд.
Лоиҳаи ворид намудани тағйироти дахлдор ба қонунгузорӣ, ки аз ҷониби суди иқтисодӣ таҳия гардидааст, ба баррасии парлумон пешниҳод шудааст.