Боздошти марди 27-сола бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 23-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки шаби 24 ба 25-уми январи соли 2021, тахминан соати 02:00, шахси номаълум автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-Астра”-ро, ки дар назди бинои истиқоматиаш беназорат меистод, ғайриқонунӣ ҳай карда, ба самти номаълум бурдааст.Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.