расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Мансурҷон Умаров: коронавирус дар зиндонҳои Тоҷикистон низ комилан нест шуд

. / Ҳаводис

Мансурҷон Умаров: коронавирус дар зиндонҳои Тоҷикистон низ комилан нест шуд

Яке аз зиндонҳои Тоҷикистон
Дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон ё ба истилоҳ зиндонҳо бемории коронавирус ба пуррагӣ нест гардидааст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия Мансурҷон Умаров хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, тӯли чанд моҳ мешавад, ки дар муассисаҳои ислоҳии кишвар бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст ва маҳбусон низ бо нишонаҳои беморӣ ба табибони муассиса муроҷиат накардаанд. 
Умаров гуфт, ки дар ҳолати ба қайд гирифтани бемории мазкур иҷозати мулоқот бо наздикони маҳбусон дода намешуд. Ва ин ҳам дар ҳолест, ки баъди нест гардидан беморӣ, ба мулоқот, ки чанд моҳ наздикони маҳбусон ва худи онҳо  интизор буданд, расман иҷозат дода шуд.
Сардори СИҶҶ инчунин илова кард, ки «ҳоло хешу наздикони маҳбусон ба вохӯриҳои дарозмуддат ва кӯтоҳмуддат меоянд ва барои пешгирии касалиҳои сироятӣ, аз ҷумла Covid-19 аз ташхиси тиббӣ мегузаранд ва маълумотномаи гирифтор набудан ба бемориро ҳангоми ворид шудан ба муассиса пешниҳод менамоянд. Бе маълумотнома тиббӣ ворид шудан ба муассисаи ислоҳи иҷозат нест. Инчунин ҳамаи тавсияҳои табибон ва чораҳои зарурии сантитарӣ дар муассисаҳо гузаронида шуда, ба маҳбусон ниқобҳои тиббӣ ва кӯмаки тиббӣ саривақт расонида мешуд».
Қобили зикр аст, ки ба хотири пешгирии сирояти коронавирус дар ҳамаи муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон дидорбинии кӯтоҳмуддат ва дарозмуҳлат бо маҳбусон аз 31-уми март муваққатан манъ карда шуда буд. Танҳо баъди 7 моҳ , 16 ноябр дубора дар муассисаҳои ислоҳиӣ ба мулоқоти маҳбусон бо наздиконашон иҷозат дода шуд. 
Бояд гуфт, ки аз аввали ба қайд гирифтани бемории коронавирус дар Тоҷикистон дар муассисаҳои ислоҳии кишвар  11 маҳбус ва се корманд аз илтиҳоби шуш ҷон бохта буданд. Худи Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ 28-уми сентябр ба «Азия-Плюс» иттилоъ дода буд, ки бештар аз як моҳ аз бемории Covid-19 ранҷ мебурд ва бар он пирӯз омад.
“Баъди тақрибан як моҳ аз беморхона рухсат шудам ва ҳоло дар хона қарор дорам. Худро беҳтару хубтар ҳис мекунам, аммо беҳолӣ ва бемадорӣ то ҳол дар вуҷудам эҳсос мешавад. Рӯзҳои наздик ба кор шурӯъ мекунам ва умед аст ҳама мушкилот паси сар мешавад”, - гуфта буд он замон раиси идораи зиндонҳо.
Номбурда ҳамчунин афзуд, ки аз куҷо сироят ёфтан ба бемории коронавирус ҳанӯз барояш маълум нест, вале мегӯяд, бемориро дар бемористони бемориҳои сироятии кӯдакона хеле вазнин паси сар намудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.