расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ошкор гардидани ҷинояти одамкушӣ

. / Ҳаводис

Ошкор гардидани ҷинояти одамкушӣ

Рӯзи 8-уми январи соли 2021, тахминан соати 21:30-дақиқа, ба беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат, марди 68-солаи шахрванди Чумхурии Халкии Чин, муваққатан истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Б.Бурунови шаҳри Ваҳдат, ки аз соли 2008 то ин ҷониб дар заминҳои корами бо номи “А.Кенҷаев”-и шаҳри мазкур ба кишоварзӣ машғул буд, бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар қисмати косахонаи сар ва дасти чап дастрас гардида, номбурда худи ҳамон рӯз тахминан соати 22:10-дақиқа, ба ҳалокат мерасад.
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавонзани 22-солаи сокини ҷамоати деҳоти Б.Бурунови ҳамин шаҳр содир намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.