расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Чораю тадбирҳои зиддисӯхторӣ дар муассисаву иншоот ва хонаҳои истиқоматию маҳаллаҳои аҳолинишин

. / Ҳаводис

Чораю тадбирҳои зиддисӯхторӣ дар муассисаву иншоот ва хонаҳои истиқоматию маҳаллаҳои аҳолинишин

1454
Аз ҷониби кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ҳамкорӣ бо кормандони милитсия, шабакаҳои барқ ва дигар ниҳодҳои дахлдор, ҷиҳати ошкор намудани ҳолатҳои тасарруфи нерӯи барқ ва истифодаи барзиёду ғайримақсадноки он дар муассисаву корхонаҳо, иншооту ташкилотҳои шакли моликияту мансубияташон гуногун ва хонаҳои истиқоматии баландошёнаю маҳаллаҳои аҳолинишин мунтазам чорабиниҳои мақсаднок гузаронида мешаванд.
Зимни чунин чорабиниҳо оид ба сарфакории қувваи барқ, пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи он ва ба роҳ мондани истифодаи воситаҳои алтернативии гармидиҳанда бо роҳбарону масъулон, кормандони касбу кори гуногун ва аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқоту тарғиботӣ доир карда шуда, дар бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта, ба шахсони ҳуқуқию воқеӣ ва шаҳрвандон кӯмаки методию амалӣ расонида мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки бо мақсади пешгирии ҳолатҳои сӯхтор ва дигар ҳодисаҳои нохушу фавқулодда, тибқи Фармони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати ба таври васеъ омӯзонидани аҳолӣ ва коргарону хизматчиён бо меъёр ва талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор дар ҷойҳо, аз тарафи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва ҷузъу томҳои он ҳамасола дар фаслҳои сардии ҳаво чорабиниҳои профилактикӣ-оташнишонии комплексӣ аз рӯи номгӯи рамзи «Муҳофиза» марҳилаҳои 1 ва 2, дар якҷоягӣ бо мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, кормандони милитсия, шабакаҳои барқ ва дигар хадамоту мақомотҳои дахлдор амалӣ карда мешаванд.
1455
Баргузории чунин чорабиниҳои мақсаднок аз манфиат холӣ набуда, дар коҳиш ёфтани шумораи ҳодисаҳои сӯхтори муассисаву иншооти гуногун ва манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, инчунин маблағи зарар аз онҳо таъсири мусбати худро мерасонад.
Мавриди зикри хос аст, ки саҳм гузоштан дар пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор ва истифодаи оқилонаю сарфакоронаи қувваи барқ, дар баробари хадамоту мақомотҳои давлатӣ, вазифаи шаҳрвандии ҳар як сокини бо нангу номуси кишвар мебошад ва он аз ҳар як шаҳрванд масъулияти баландро тақозо менамояд.
Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД ҶТ

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.