расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ошкор шуд

. / Ҳаводис

Ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ошкор шуд

Ҷиҳати пешгирӣ аз кирдорҳои зидиҳуқуқӣ дар байни наврасон кормандони шуъбачаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Шуъбаи ВКД-и ноҳияи Б.Ғафуров дар ҳудуди шаҳраки Ғафуров ва маҳаллаи Сталинскийи ноҳия чорабинии мақсадноки пешгирикунанда гузарониданд. Шабгардӣ ва қарор доштани ноболиғон дар нуқтаҳои бозиҳои саргармкунанда мавриди корбарии милитсия қарор гирифт.
Натиҷаи рейд нишон дод, ки меъёру талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро на ҳама волидон риоя мекунанд. Дар вақту соати маҳдудгардида ноболиғонро дар нуқтаҳои саққобозӣ ва марказҳои бозии компютерии ҳудуди шаҳраки Ғафуров ва маҳаллаи Сталинскийи ноҳия милитсия берун овард. Соҳибкорон дидаву дониста иҷозат додаанд, ки ноболиғон ба бозиҳои компютерии хусусияти зӯроваридошта ё саққобозӣ машғул шаванд.
Новобаста аз он ки чунин санҷишҳо мунтазам гузаронида мешаванд боз бемасъулиятии 14 нафар волидайни дар тарбияи фарзанд бепарво ошкор гардид. 14 нафар ноболиғи дар бевақтии шаб аз назорати падару модар дур монда, 5 нафарашон ҷойе таҳсил намекунанд, ду нафарӣ хонандагони МТМУ №36, мактаби хонандагони болаёқат ва Коллеҷи техникии ҷамоати деҳоти Хистеварз ва се нафари дигар муҳассилини мактабҳои №№18, 83 ва Гимназияи ноҳияи Б.Ғафуров буданд. Бар замми ин зимни санҷиш аз як нафар ноболиғи дар маркази бозиҳои компютерии ҳудуди маҳаллаи Сталинский қарор дошта силоҳи ба таври косибӣ сохташудаи ҷароҳатрасонанда ба истилоҳ «Кастет» дарёфт гардид.
Вобаста ба далелҳои ошкоргардида масъулини кор бо ноболиғони мақомоти милитсияи ноҳияи Б.Ғафуров бо ҳуқуқвайронкунандагон суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ҳамчунин маводи маъмурӣ тартиб доданд.
Пушида нест, ки аз назорати волидайн дур мондани фарзандон омили воқеӣ ба амалҳои ношоиста даст задан ва майл ба каҷрафторӣ аз ҷониби онҳост.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.