расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Амалиёти “Корд”: 10-шабонарӯз ҳабс барои бо худ гардонидани корди махсус (финка)

. / Ҳаводис

Амалиёти “Корд”: 10-шабонарӯз ҳабс барои бо худ гардонидани корди махсус (финка)

Амалиёти “Корд”: 10-шабонарӯз ҳабс барои бо худ гардонидани корди махсус (финка)

Амалиёти “Корд”: 10-шабонарӯз ҳабс барои бо худ гардонидани корди махсус (финка)

Чоп шуд аз тарафи dushanbepolice дар санаи 25.11.20 0 Comment
  Мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе тули ду соли охир ҷиҳати пешгирии содиршавии амалу кирдорҳои номатлуб махсусан авбошиҳои гурӯҳӣ бо истифода аз силоҳи сард дар ҳудуди шаҳри Душанбе амалиёти шартӣ бо номи «Корд»-ро роҳандозӣ намудаистодааст. Тибқи таҳлилҳои оморӣ дар натиҷаи роҳандозӣ намудани амалиёти мазкур сатҳи содиршавии ҷиноят аз ҷониби ҷавонону ноболиғон махсусан ҷиноятҳои ба муқобили саломатӣ равонагардида бо истифода аз силоҳи сард коҳиш ёфтааст.

  Мавриди зикр аст, ки мақомоти милитсияи пойтахт то пурра аз байн бурдани ин омили номатлуб муборизаи беамон бурда, нафарони бо худ силоҳи сард доштаро ба ҷавобгарӣ ҷалб менамояд.
  Аз ҷумла дар марҳилаи навбатии баргузории амалиёти мазкур шаҳрванд Мусоев Суҳроб Шарипович соли таваллудаш 1985 истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ маҳаллаи Гулбутта дастгир карда шуд, ки номбурда бо худ силоҳи сард, яъне корд мегардонидааст. 
  Зимни кофтукоб аз ҷайби номбурда як адад корди махсус (финка) дарёфту мусодира карда шуд, ки он силоҳи сард ба ҳисоб рафта, бо худ гардонидан ва истифодаи он метавонад дар камтарин нофаҳмиҳои лафзю муноқиша ба фоҷеа анҷомад.

  Бо назардошти ҳалатҳои мазкур нисбати шаҳрванд Мусоев Суҳроб барои бо худ гардонидани предмети ба сифати силоҳи сард истифода шаванда протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ бо қарори Суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз татбиқ карда шуд.

  Вобаста ба ин Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бори дигар, ба маълумоти кулли шаҳрвандон мерасонад, ки милитсияи пойтахт ҷиҳати мубориза бар зидди амалу кирдорҳои ҷиноятӣ, ки бо истифода аз силоҳи сард содир мешаванд то пурра аз байн бардоштани ин омили номатлуб муборизаи беамон мебаранд.
Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.