Дар бозори ш.Кӯлоб марди 46-сола бо зарфи шишаги (банка) ба сари як марди дигаро зад
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 46-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, ки пеш бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.Номбурда санаи 31-уми октябри соли 2020, тахминан соати 11:30-дақиқа, дар ҳолати мастӣ дар дохили бозори “Лола”-и шаҳри Кӯлоб аз ҳиссиёти авбошӣ бо марди 42-солаи сокини шаҳри мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо зарфи шишагин (банка) ба сараш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.