АХБОРИ ОҶИЛ / Сиёсат / Ҷаҳон
ИТТИҲОДИ АВРУПО БАРОИ УКРАИНА 50 МИЛЛИАРД ЕВРО КУМАК ҶУДО МЕКУНАД
ИТТИҲОДИ АВРУПО БАРОИ УКРАИНА 50 МИЛЛИАРД ЕВРО КУМАК ҶУДО МЕКУНАД
Роҳбарони ҳамаи 27 кишвари узви Иттиҳоди Аврупо рӯзи 1 феврали соли 2024 дар Брюссел ҷиҳати дар 4 соли оянда барои Украина ҷудо кардани 50 миллиард евро кумаки иловагӣ ба тавофуқ расидаанд. Шарл Мишел, раиси Шӯрои Аврупо навишт: "Ин маблағгузории собит, дарозмуддат ва пешбинишваандаи Украинаро таъмин мекунад. Иттиҳоди Аврупо дар амри пуштибонии Украина нақши раҳбарӣ ва масъулиятро ба дӯши худ мегирад. Мо медонем, ки дар кони ин бозӣ чӣ гузошта шудааст."
Президенти Украина Владимир Зеленский низ дар Твиттер барои ин кумак ба кишварҳои Аврупо изҳори сипос кард ва гуфт, аҳамияти ин ёрии Иттиҳоди Аврупо барои Украина камтар аз ёриҳои ҳарбиаш нест.
Иттиҳоди Аврупо дар миёнаи моҳи декабри соли 2023 дар бораи шурӯи музокираҳо ҷиҳати ба ҳайъати ин созмон пазируфтани Украинаву Молдова ва ба Гурҷистон додани мақоми номзад ба узвияти Иттиҳоди Аврупо қарор қабул кард. Аммо баъди қабули ин қарор Венгрия (Маҷористон), ки сарвазираш Виктор Орбанро ҳаводори президенти Русия Владимир Путин мешуморанд, ба он вето гузошт.
Тасмими Иттиҳоди Аврупо барои ҷудо кардани 50 миллиард евро кумак ба Украина дар ҳолест, ки аз шурӯи ҷанги Русия ба зидди Украина ду сол мегузарад. Ҷанги Русия ба зидди Украина яке аз ҷангҳои аз ҳама бузургу хунин аз замони ҷанги дуюми ҷаҳон дониста мешавад.