расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Эмомалӣ Раҳмон вориди Қазоқистон шуд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Президент

Эмомалӣ Раҳмон вориди Қазоқистон шуд

Президенти Тоҷикистон бо як сафари корӣ ба Қазоқистон рафт, ки дар ҷараёни он мулоқотҳо дар сатҳи олӣ ва ифтитоҳи рӯзҳои фарҳангии кишвар дар назар аст

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари корӣ вориди Қазоқистон шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе раҳбари ҷумҳуриро раиси Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ, сарвазир Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ гусел карданд.
Ҳамин тариқ, дар ин сафар раисиҷумҳурро Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ, вазирони фарҳанг, кишоварзӣ, саноат ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамроҳӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Қосимҷомарт Тоқаев ба Қазоқистон сафар кардааст.
Гуфта мешавад, ки дар ин сафар мулоқотҳо дар сатҳи олӣ дар назар аст.
Қарор аст, ки дар он "масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиётӣ, логистикӣ ва сармоягузорӣ" баррасӣ шаванд.
Илова бар ин, раҳбарони ҷумҳуриҳо дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қазоқистон ширкат мекунанд ва ҳамзамон раҳбарон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дидан хоҳанд кард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.