АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис
БОЗ ЯК ЗАМИНЛАРЗА ДАР БАДАХШОН. ИН ДАФЪА ДАР ПОИ ҚУЛЛАИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО
БОЗ ЯК ЗАМИНЛАРЗА ДАР БАДАХШОН. ИН ДАФЪА ДАР ПОИ ҚУЛЛАИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО
Шаби 13 июли соли 2023 дар шарқи Тоҷикистон, дар ҳудуди вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар наздикии марзи ин вилоят бо Қирғизистон заминларза рух додааст.
Бино ба иттилои Маркази пешбинии заминларзаҳои вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон, заминларза дар ҳудуди Боғи миллии Тоҷикистон, дар наздикии қуллаи ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (собиқ қуллаи Ленин) дар умқи 176 километр рух дода, иқтидори ин офати табиӣ дар марказаш тибқи ҷадвали Рихтер 4 баллро ташкил додааст.
Дар бораи кадом хисорот ё осеб дидани одамон аз ин офат то ин соат хабаре ба даст нарасидааст.
Қуллаи ба номи Абӯалӣ Ибни Сино то соли 1928 номи Кауфманро дошт ва баъдан ба номи асосгузори СССР Ленин гузошта шуд. Соли 2006 мақомоти Тоҷикистон ин қулларо ба номи Абӯалӣ Ибни Сино гардонданд. Ин табиб, донишманд, мутафаккир ва шоири шуҳратёри тоҷик, ки дар охири асри 10 ва аввали асри 11 ба сар бурдааст.