расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Як сокини Хуросон барои сӯиқасд ба ҷони ҳамсараш 11 сол равонаи зиндон шуд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис

Як сокини Хуросон барои сӯиқасд ба ҷони ҳамсараш 11 сол равонаи зиндон шуд


Як сокини ноҳияи Хуросон барои сӯиқасд ба ҷони ҳамсараш, ки бо ӯ зиндагии якҷоя ва ду кӯдак доштанд, 11 сол равонаи зиндон шудааст.
Маркази матбуоти Додситони кулли Тоҷикистон бо нашри як иттилоия хабар додааст, ки ҳодиса шаби рӯзи 24-уми августи соли равон рух дода, С. Муҳсидинов аз рӯи рашк ҳамсараш Шаҳноза Расуловаро, ки дар хонаи волидайнаш зиндагӣ мекард, бо корди ошхонагӣ чанд зарба задааст.
“Рӯзи 25-уми августи соли 2022, соати 9:00 ҳангоми ба корҳои хона машғул шудани ҳамсараш Расулова Ш.М. аз набудани дигар аъзоёни хонаводаи Муҳсиддинов С.Г. истифода бурда, Расулова Ш.М.-ро дошта, ба ҳуҷраи манзили истиқоматӣ дароварда, бо корди дар дасташ буда, ба узвҳои ҳаётан муҳими охирин зада, бинобар доду фиғон бардоштани ҳамсараш аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.”, - омадааст дар иттилоия.
Гуфта мешавад, ки аз сабаби сари вақт ба беморхона интиқол додани Расулова Шаҳноза ва расонидани ёрии саривақтии тиббӣ ӯ зинда мондааст.
Ҳамин тариқ, бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Хуросон  аз 7 октябри соли 2022 Муҳсиддинов С.Г. бо моддаҳои 32 қисми 3 (Тайёрӣ ба ҷиноят, сўиқасди ҷиноят) ва 104 қисми 1 (Одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳгор ва 11 сол равонаи зиндони низомаш пурзӯр гардид.
Ёдовар мешавем, ки чанд соли охир ҳодисаи куштори ҳамсар аз сӯи шавҳар зиёд ба гӯш мерасад ва мақомот омилҳои онро рашку ҳасад ва тоб наовардан ба мушкилоти зиндагӣ мегӯянд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.