расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Фавти беш аз 30 “бомж” дар Хуҷанд. Онҳо ба кӯмак ниёз доранд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Фавти беш аз 30 “бомж” дар Хуҷанд. Онҳо ба кӯмак ниёз доранд


Давоми се соли охир дар шаҳри Хуҷанд беш аз 30 шахси бесарпаноҳ ё ба истилоҳ “бомж” аз бекасӣ ва дар кӯчаҳо фавтидаанд. Ҳоло дар ин шаҳр беш аз 50 шахси бесарпаноҳи дигар дар кӯча ба сар мебаранд.
Дар ин бора Баҳрӣ Абдураҳмонова, мудири созмони "Диёр", ки дар робита ба шахсони бесарпаноҳ таҳқиқот гузаронидааст, ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Номбурда гуфт, ки давоми солҳои 2020-2021-ум дар шаҳри Хуҷанд 30 нафар афроди бесарпаноҳ фавтидаанд, ки 28 нафар мард ва ду нафар зан будаанд.
“Танҳо дар соли 2022 ду ҳолати марги бесарпаноҳон ба қайд гирифта шудааст, ки яке аз онҳо Мурод Қурбонови 65- сола буда, рӯзи 18-уми декабри соли равон фавтид”, - гуфт Баҳрӣ Абдураҳмонова.Ба таъкиди вай, таҳқиқоти гузаронидаи онҳо исбот кард, ки афроди бесарпаноҳ бисёр ҳасосу якраванд ва аксари онҳо аз бемориҳои ВНМО, сил ва майзадагӣ ранҷ мебаранд ва ба табобати ҷиддӣ ниёз доранд.
Номбурда ба ин назар аст, ки барои ба ҳаёти муқаррарӣ баргардонидани онҳо табобати психологӣ ва кӯмакҳои ҳуқуқиву моддӣ зарур аст.
“Онҳо аввал табобат гирифта, баъдан бояд курсҳои мутобиқшавӣ ба ҳаёти осоиштаро гузаранд. Вақте ба ҳаёти “бомж”-ҳо беэътибор мешавем, ин метавонад оқибатҳои нохушро ба бор орад, зеро бештари онҳо рӯҳан хаста ҳастанд”, - гуфт роҳбари ин ташкилоти ҷамъиятӣ.
“Ба хонаи падари дигар роҳ надоданд”
Одилҷон Халилови 60-сола, яке аз бесарпаноҳон дар шаҳри Хуҷанд мебошад, ки давоми 5-сол аст дар кӯчаҳои шаҳр мегардад.
Ӯ сокини шаҳри Исфара буда, барои рафтан ба хонаи пиронсолон ҳуҷҷатҳои лозима надорад.
Номбурда шиносномаи худро дар Русия, ки чанд сол он ҷо буд, гум кардааст ва ҳамин тариқ, то ба ҳол барои гирифтани шиноснома кӯшиш накардааст.
“Дар Исфара хонаю дар доштем. Номзаде, ки модарам барои бунёди оила бароям интихоб карданд, бароям писанд набуд ва ин маро маҷбур кард, ки ба мусофирӣ равам. Дар муҳоҷират бо як зани доғистонӣ оила барпо кардам. Соҳиби дугоник шудем. Ба онҳо Матину Муҳиддин ном гузоштем. Писаронам дар Афғонистон хизмат карданд ва соли 1996 дар пайи хизмат ҳарду шаҳид шуданд”, - нақл кард Одилҷон Халилов.Ба гуфтаи ӯ, вақте ҷасади фарзандонашро оварданд, ҳамсари доғистониаш Мадина Расулова баробари дидани ҷасадҳо дилкаф шуда, фавтид ва ҳамин тариқ, ӯ яккаву танҳо монд.
Баъди солҳо вақте Одилҷон Халилов ба зодгоҳаш баргашт, фарзандони падар аллакай хонаю дарашро аз худ карда, ӯро дигар ба хонаи падарӣ роҳ надоданд.
“Инак 5 сол аст дар кӯча мондаам. Барои ба хонаи пиронсолон рафтан ҳуҷҷат ва барои кор кардан саломатӣ надорам. Ҳоло гирифтори бемории фалаҷ ҳастам. Солҳои ҷавонӣ ҳамчун инжинер кор кардам, дафтарчаи меҳнатиям низ дар Рассия монд. Азбаски ҳуҷҷат надорам нафақа намегирам. Дар ҳамин сардӣ даруни кӯрпаи сард, дар кӯчаҳо умрамро гузаронида истодаам”, - мегӯяд ин марди бесарпаноҳ.
Дирӯз соҳиби хонаву дару фарзанд, имрӯз “бомж”. Чаро?
Ёдовар мешавем, ки теъдоди умумии нафарони бесарпаноҳ ё ба истилоҳ “бомж” дар вилояти Суғд ҳудуди 500 нафарро ташкил медиҳад. Ин омор дар нахустин таҳқиқот атрофи будубоши бесарпаноҳон дар вилояти Суғд, аз суйи ташкилоти ҷамъиятии “Диёр” бо кӯмаки Фонди ҷамъиятии “Нотабене” ва гурӯҳе аз ҳомиёни ҳуқуқи инсон анҷом ёфт ва моҳи сентябри соли гузашта эълон гардид.
Муаллифони таҳқиқот байни 100 нафар аз афроди бехонумон дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Гулистон, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов пурсишҳо гузаронида паҳлӯҳои гуногуни зиндагии онҳоро ифшо кардаанд.
Ин афрод ба далели муноқишаи оилавӣ, фурӯхтани хона дар пайи мушкилии иқтисодӣ, қарздорӣ аз бонкҳо, баъди озод шудан аз маҳбас ва баъди тарки хона - интернатҳо бепаноҳгоҳ мондаанд. Бештар аз ними бесарпаноҳон (52%) гуфтаанд, қаблан соҳиби хонаи шахсии худ буданд, вале ба далелҳои гуногун аз даст дода, дар кӯча мондаанд.
“Тассуфовар он аст, ки аксари онҳо ҷавон ҳастанд ва баъди бесарпаноҳ мондан дар кӯча зиндагӣ ва дар “гараж”-у вайронаҳо мефавтанд”, - нигаронӣ кард Баҳрӣ Абдураҳмонова.Ӯ гуфт, азбаски бесарпаноҳон меҳру дастгириро аз оилаи худ намеёбанд “модар”-и онҳо давлату ҳукумат аст.
“Вақте бо онҳо суҳбат мекунем исрор медоранд, ки ягона умедашон ҳукумат аст, ки дастгирӣ кунад. Ҳоло мо лоиҳаеро рӯи даст дорем,  ки ҳадафаш кор бо бесарпаноҳон ва кӯмаки равонию ҳуқуқӣ ба онҳо аст”, - гуфт Абдураҳмонова.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.