расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Таъмини аҳолӣ бо манзил дар Тоҷикистон аз меъёри муқарраркардаи қонун камтар аст

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Таъмини аҳолӣ бо манзил дар Тоҷикистон аз меъёри муқарраркардаи қонун камтар аст


Дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 1 млн 174,7 ҳазор метри мураббаъ манзил сохта шудааст, ки 23,7% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.
Бино ба маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ аз лиҳози ба истифода додани манзил шаҳру навоҳии тобеи марказ (НТМ) пешсафанд: дар ин давра 330,1 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода шудааст, ки 2,2 баробар зиёдтар дар муқоиса бо соли гузашта аст.
Дар вилояти Суғд 408,6 ҳазор м/мураббаъ (25,5% зиёдтар), ВМКБ - 26,3 ҳазор м/мураббаъ (13,8% зиёдтар), вилояти Хатлон - 266,8 ҳазор м/мураббаъ (0,3% зиёдтар) манзил мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Ягона минтақае, ки дар он манзил камтар сохта шудааст, шаҳри Душанбе мебошад. Дар пойтахт 142,7 ҳазор метри мурраббаъ хона сохта шудааст, ки 23,6% камтар аз нишондиҳандаи соли гузашта мебошад.
Таъмини аҳолӣ бо манзил дар кишвар ба ҳисоби миёна 10,9 метри мураббаъ ба як нафарро ташкил медиҳад, ки 8,23% камтар аз меъёри иҷтимоии муқарраркардаи қонунгузории манзил барои як кас (12 метри мураббаъ) мебошад. Соли гузашта дар Тоҷикистон ин меъёр 23% поинтар буд.
Ба ин тариқ, Тоҷикистон аз рӯи сатҳи таъмини аҳолӣ бо манзил миёни кишварҳои ИДМ дар зинаи охир қарор дорад. Тибқи маълумоти оморӣ дар моҳи декабри соли 2022, маълумот дар бораи таъмин бо манзил миёни кишварҳои Иттиҳод тариқи зайл аст.
Молдова - 34,3 м/мураббаъ
Арманистон - 33,9 м/мураббаъ
Беларус - 28,9 м/мураббаъ
Русия - 27,8 м/мураббаъ
Қазоқистон - 23,2 м/мураббаъ
Озарбойҷон - 20 м/мураббаъ
Ӯзбекистон - 18,2 м/мураббаъ
Қирғизистон - 13 м/мураббаъ.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.