расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Таркиши маргбор дар нақби Соланги Афғонистон

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис

Таркиши маргбор дар нақби Соланги Афғонистон


Дар нақби Соланг, яке аз муҳимтарин гузаргоҳҳои Афғонистон, шаби шанбе, 17- уми декабр, мошини нафткаш таркид ва оташсузӣ дар нақб то рӯзи якшанбе идома кард. Дар хусуси сабаби асосии таркиш маълумоти дақиқ ироа намегардад. Дар ин бора расонаҳои маҳаллии Афғонистон иттилоъ медиҳанд.
Ба иттилои расонаҳо, дар пайи ин таркиш 63 нафар ҷон бохта, дастикам 32 нафар захмӣ шудаанд. Рӯзномаи “8-и субҳ” аз ҷон бохтани беш аз 100 нафар иттилоъ дода, навиштааст, ки бо гузашти чанд рӯз, то ҳол наҷотдиҳандагон натавонистаанд ҷасади фавтидагонро аз нақб берун оранд.
Дар ҳамин ҳол, Толибон* шумори ҷонбохтагон дар ин оташсӯзиро камтар эълом кардаанд. Масъулони маҳаллии Толибон дар вилояти Парвон, теъдоди ҷонбохтагон дар таркишро 19 нафар ва 31 захмӣ эълон кардаанд.
Илова бар ин, ҳазорон мусофир аз ду ҷониби нақб ду шабонарӯз аст, ки банд мондаанд ва хостори ҳарчи зудтар боз шудани роҳанд.
Гуфтан лозим аст, ки гузаргоҳи Соланг бо дарозии 2,7 километр дар баландиҳои силсилакӯҳҳои Ҳиндукуш дар шимоли Афғонистон мавқеият дорад. Ин гузаргоҳ яке аз шоҳроҳҳои кӯҳистонии Афғонистон аст, ки пеш аз ин низ шоҳиди ҳодисаҳои мушобеҳ будааст.
*Дар Тоҷикистонгурӯҳитеррористӣэътирофшудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.