расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Зукоми хук ё COVID-19? Вазорати тандурустӣ расман шарҳ дод

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Зукоми хук ё COVID-19? Вазорати тандурустӣ расман шарҳ дод


Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз сабти номи беморони H1N1-09 ё зукоми хук дар кишвар хабар медиҳад, аммо дар ин вазорат ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ин зукоми мавсимӣ буда, боиси нигаронӣ нест.
Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт: “Аз соли 2010 зукоми А – H1N1-09 ё зукоми хук дар ҳама гӯшаву канори дунё паҳн шуда, аллакай ба зукоми мавсимӣ табдил ёфтааст”.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло бақайдгирии беморон идома дорад ва тибқи омор, ҳеҷ гуна нигаронӣ вуҷуд надорад.
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои паҳншавии зукоми А (H1N1 ва H3N2) ва В бештар ба қайд гирифта мешаванд.
Вазорати тандурустӣ бо вуҷуди шабеҳ будани усули муолиҷа барои ҳама навъҳои зуком тавсия медиҳад, ки ба худтабобаткунӣ машғул нашаванд, балки ба мутахассисон муроҷиат намоянд.
“Дар ҳолати якбора баланд шудани ҳарорати бадан – аз 38,0 то 40-41 дараҷа, заъфи шадиди умумӣ ё дарди мушакҳо ва буғумҳо, шумо бояд ба мутахссиси тиббӣ муроҷиат кунед ё духтурро ба хона даъват кунед”, - мегӯяд Наврӯз Ҷаъфаров.COVID-19 нест?
Дар ҳамин ҳол, сокинон аз эҳтимоли авҷи бемории COVID-19 ё коронавирус дар кишвар шикоят мекунанд, аммо дар ин замина ҳеҷ далеле мавҷуд нест. Вазорати тандурустии кишвар ҳарчанд авҷи ин беморӣ дар кишварҳои ҳамсояро тасдиқ мекунад, таъкид мекунад, ки “дар Тоҷикистон беш аз 9 моҳ аст, ки мавориди гирифторӣ ба коронавирус расман ба қайд гирифта нашудааст, вале барои пешгирии беморӣ эмкунӣ дар кишвар то ҳол идома дорад”.
Дар робита ба афзоиши беморӣ дар кишварҳои ҳамсоя Вазорати тандурустӣ ва ҳизфи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон 2-юми декабр иттилоъ дод, ки тафтиш дар марз ва фурудгоҳи кишварро пурзӯр кардааст.
Он замон Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки ҳарорати мусофирон дар фурудгоҳ ва дигар нуқтаҳои убури сарҳад санҷида мешавад. Ҳамчунин, бо онҳое, ки сарҳадро убур мекунанд, оид ба ин беморӣ суҳбат гузаронида мешавад.
Дар мактабҳо карантин ҷорӣ нахоҳад шуд
Дар Қирғизистон дар пасманзари афзоиши бемории зуком ва ба далели вазъи эпидемиологӣ, мақомот 204 мактабро барои карантин бастаанд. Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Қирғизистон, тақрибан 70 дарсади ҳамаи беморон кӯдакони то 14-сола мебошанд.
Аммо вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳеҷ асос барои эълони карантин дар муассисаҳои таҳсилотӣ вуҷуд надорад, чун ин беморӣ дар кишвар зиёд нест. Ба гуфтаи Наврӯз Ҷаъфаров, дар муассасаҳои таълимӣ замоне карантин эълон мешавад, ки 50 дарсади хонандагон ба дарс ҳозир нашаванд.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати тандурустии Тоҷикистон як ваксинаи зидди зуком харидорӣ намудааст, ки табибон эм карда мешаванд, чун онҳо осебпазиртарин табақаи аҳолӣ мебошанд, ки бо ҳар бемор дар робита ҳастанд.
“Барои тамоми аҳолӣ то ҳол ваксина ба даст наовардаем. Аз бемории зуком бошад ягон ҳолати фавт ба қайд гирифта нашудааст”, - қайд кард мутахассис.Ҳамзамон, дар робита ба ин, Вазорати тандурустӣ ба беморон тавсия медиҳад, ки ҳангоми бемории зуком ниқоб пӯшанд, то ба наздикони худ ва дигарон сироят накунанд.
Аломатҳои сирояти вируси A/H1N1
Аломатҳо тақрибан ба дигар намудҳои зуком монанданд. Дар байни нишонаҳои асосии беморӣ:
- тасби бадан
- резиши оби бинӣ
- сурх шудани гулӯ, арақ ё дарди гулӯ
- сулфаи хушк бо дарди қафаси сина
- эҳсоси дард дар бадан
- хастагӣ, заифӣ
- тапиши тези дил (тахикардия)
- дарди сар
- дард ва сӯзиш дар гавҳаракҳои чашм, фотофобия, сурхии склера
- хунравӣ аз бинӣ
- хоболудӣ, бехобӣ
Хусусияти хоси зукоми хук ин нороҳатии шикам, варам ва дарунравӣ мебошад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.