расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Шавҳар барои қатли ҳамсар 19 солу 4 моҳ равонаи зиндон шуд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис

Шавҳар барои қатли ҳамсар 19 солу 4 моҳ равонаи зиндон шуд


Як сокини шаҳри Роғун барои қатли бераҳмонаи ҳамсараш 19 солу 4 моҳ равонаи зиндон шудааст. Дар ин бора Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Манбаъ менависад, ки Аслиддин Авлиёев, бо ҳамсараш Дилафрӯз Саидова мунтазам муноқиша карда, нақшаи куштори барқасдонаи ҳамсарашро кашидааст.
Ин ниҳод менависад, ки ҳодиса моҳи июни соли равон рух дода, Аслиддин Авлиёев ҳамсараш Дилафрӯз Саидоваро, ки муваққатан дар хонаи модараш истиқомат мекард, бо корди хоҷагидорӣ  бо бераҳмии махсус 12 маротиба мезанад, ки дар натиҷа, ҳамсараш ба ҳалокат мерасад.
“Авлиёев А.А. баъди ба қатл расонидани Саидова Д.Р. бо нияти аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо дур мондан, бо корди хоҷагидории бо худ овардааш якчанд зарба ба қисмати гардани худ задааст, ки дар натиҷа ӯ низ ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, барои табобат дар беморхонаи шаҳри Роғун бистарӣ карда шудааст”, - омадааст дар хабарномаи прокуратура.
Гуфта мешавад, ки Аслиддин Авлиёев дар ҳолати ретсидивӣ ҷиноят содир кардааст.
Ҳамин тариқ, Аслиддин Авлиёев бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон аз 22 ноябри соли 2022 барои одамкушӣ (моддаи 104 қисми 2, банди “е”) гунаҳкор дониста шуда, 19 солу 4 моҳ равонаи зиндон гардидааст.
Назари наздикони гунаҳкор дастрас нест.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.