расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Анҷоми тамринҳои Қӯшунҳои зудамали артиши Тоҷикистон дар машқгоҳи “Фахробод”

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат

Анҷоми тамринҳои Қӯшунҳои зудамали артиши Тоҷикистон дар машқгоҳи “Фахробод”

Дар машқгоҳи “Фахробод” гарнизони Хатлон машқҳои махсуси баталионӣ-тактикӣ анҷом доданд, иттилоъ додааст вазорати мудофиаи кишвар хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, машқҳои мазкур дар ду марҳила гузаронида шуда, роҳбарони машғулият нахуст аз рӯйи тамсила ё худ макет матлаби ба машқҳо пешбинигардидаро муайян ва мушаххас намуданд.

Табқи баргузории тамринҳои навбатӣ, гӯё гурӯҳи ғайриқонунии силоҳбадаст дар бинои маъмурӣ мавқеъ гирифта, нақшаи амалинамоии ҳодисаҳои харобкоронаро тарҳрезӣ менамуд ва гурӯҳи дигар бо убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ мехост вазъиятро дар яке аз минтақаҳои масъулиятноки марзӣ ноором созанд.

Барои дастгиру безарар гардонидани афроди сарҳадшикану ғайриқонунӣ мусаллаҳ ҷузъу томҳои ҳамлаовари десантӣ бо истифодаи техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, авиатсияи ҳарбӣ, силоҳу муҳимоти ҳозиразамони низомӣ ва дигар лавозимоти ҳарбӣ амалиёти зиддитеррористӣ анҷом доданд.

Дар машқҳои мазкур унсурҳои мухталифи зиддитеррористӣ ва дигар роҳу усулҳои мубориза ба зидди афроди ғайриқонуни мусаллаҳ амалан коркарду тарҳрезӣ гардиданд.

Иттилоъ дода шудааст, ки ҷараёни баргузории машқҳои мазкур аз ҷониби ҳайати фармондеҳии Қӯшунҳои зудамал ва Бригадаи ҳамлаовари десантӣ бевосита назорат карда шуд.

Сарчашма:​Sputnik​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.