расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Толибон барои тоҷирон дар майдони ҳавоии Кобул визо содир мекунанд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷаҳон

Толибон барои тоҷирон дар майдони ҳавоии Кобул визо содир мекунанд

Вазири тиҷорати ҳукумати толибон Нуриддин Азизӣ, дар маросими ифтитоҳи маркази сармоягузорӣ ва хадамоти судури визо дар майдони ҳавоӣ Кобул гуфт, ки эҷоди чунин марокизе барои тасҳили хадамот ва судури визо барои тоҷирон ва сармоягузорони хориҷӣ як амр зарурӣ аст.

Вай афзуд, ин воҳиди ҷадид барои аризаи хадамот ба бозаргонон ва сармоягузорон, ки қасди сармоягузорӣ дар Афғонистонро доранд эҷод шудааст.

Вай таъкид кард, ки бо ифтитоҳи ин марказ раванди сармоягузорӣ ташдид хоҳад шуд.

Толибони пас аз ба қудрат расидан ҳамвора таъкид карданд, ки амният дар саросари Афғонистони фароҳам шуда ва заминаи сармоягузорӣ дар ин кишвар эҷод шудааст.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Забеуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи толибон дар тозатарин изҳороташ гуфтааст, ки Афғонистон ин фурсатро дорад ки бо ҳамаи кишварҳо ба вижаи кишварҳои минтақа иртибот барқарор кунад.

Сухангӯи ҳукумати муваққати толибон муътақид аст, ки Афғонистон ба макони амн барои сармоягузорони хориҷӣ табдил шудааст
Забеуллоҳ Муҷоҳид афзуд, Афғонистон амният хубе дорад ва замони он фаро расидааст, ки тарҳҳои иқтисодии муҳимро оғоз кунем.

Ин изҳорот дар ҳолест, ки идомаи ҳамалоти террористӣ дар манотиқи мухталифи Афғонистон ва ба расмияти шинохта нашудани ҳукумати толибон аз сӯий ҳеҷ кишваре ҳамчунон хавфи сармоягузорон хориҷиро дар ин кишвари боло нишон медиҳад.


Сарчашма:​Sputnik​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.