расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Таркиш дар Истамбул. Миёни кушташуда ва захмиён шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис / Ҷаҳон

Таркиш дар Истамбул. Миёни кушташуда ва захмиён шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд


Дар пайи таркиши бомб, ки дишаб, 13-уми ноябр, дар маркази шаҳри Истамбули Туркия рух дод, 6 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 80 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Миёни кушташудагон ва ҷароҳатбардоштагон шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд, хабар додааст ОИ “Авесто” бо такя ба вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Дар ҳамин ҳол, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия, ин ҳамларо маҳкум карда гуфт, таркиш дар наздикии майдони Тақсим рух додааст.
“Воҳидҳои дахлдори давлати мо барои пайдо кардани масъулони ин ҳамлаи даҳшатбор кор мекунанд”, - гуфт Эрдуғон дар нишасти хабарие, ки тавассути шабакаҳои телевизионии Туркия мустақиман пахш шуд.Таркиш дар кӯчаи пиёдагардҳои Истиқлол, ки миёни сайёҳон ва сокинони маҳаллӣ маъруф аст, рух додааст. Ба гуфтаи Фуат Октай, ноиби президенти Туркия, таркишро як зан ба амал овардааст.
“Ҳамлакунанда зан буд, вай бомбаро тарконд. Ин аз амали террористӣ шаҳодат медиҳад”, - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Октой, чаҳор нафар дар ҷои инфиҷор ва ду нафари дигар баъдтар, дар бемористон ба ҳалокат расидаанд. Ба таҳқиқи ин ҳамлаи террористӣ 14 муфаттиши Додситонии кулли Туркия ва коршиносони додгоҳӣ машғуланд.
Октой гуфт: “Ҳар кӣ дар паси ин ҳодиса бошад, дар дохили марзҳои мо ё дар ҳар гӯшаи ҷаҳон, мо ба онҳо мерасем. Ин афрод ба Туркия бурда, ба додгоҳ кашида мешаванд ва муҷозот хоҳанд шуд”.Ёдовар мешавем, ки қаблан, солҳои 2015-2016 низ дар кӯчаи Истиқлоли Истамбул чанд таркиш рух дод ва он замон масъулияти ҳамларо гурӯҳи “Давлати исломӣ” бар ӯҳда гирифта буд.
Охирин ҳамлаи бузурги террористӣ дар Истамбул шаби 1 январи соли 2017 рух дод, ки як марди мусаллаҳ бо автомати Калашников ба клуби шабона дар соҳили Босфор ворид шуда, ба сӯи меҳмонон тир кушод.
Дар ин ҳамла 39 нафар кушта ва 69 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.