расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Иштироки Дилшод Назаров дар ифтитоҳи аввалин Бозиҳои Саудӣ

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Варзиш

Иштироки Дилшод Назаров дар ифтитоҳи аввалин Бозиҳои Саудӣ


Дар маросими ифтитоҳи аввалин Бозиҳои Саудӣ, ки 28-уми октябр дар варзишгоҳи “Шоҳ Фаҳд”-и шаҳри Риёз баргузор шуд, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров ширкат кард.
 Дар ин бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, аввалин Бозиҳои Саудӣ аз рӯи 45 намуд ва равияи варзишӣ то рӯзи 7-уми ноябр идома меёбад.

Дилшод Назаров, қаҳрамони Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар риштаи гурзандозӣ, дар доираи сафараш ба Арабистони Саудӣ бо президенти Кумитаи олимпӣ ва паралимпии Арабистони Саудӣ Шоҳзода Абдулазиз ибни Туркӣ Ал-Файсал мулоқот кард.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории минбаъдаро миёни ду кишвар ва минтақа баррасӣ намуданд. Хусусан, баргузор кардани ҷамъомадҳои тамринии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон оид ба намудҳои гуногуни варзиш дар Арабистони Саудӣ қабл аз бозиҳои маҷмуии варзишӣ мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Зимнан, Арабистони Саудӣ соли 2025 мизбони Бозиҳои Осиё дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ, соли 2029 мизбони Бозиҳои зимистонаи Осиё ва соли 2034 мизбони Бозиҳои Осиё мебошад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.