расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Дар ҷашни "Ҳелловин" дар Сеул як духтари қазоқ ҷон бохт

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷаҳон

Дар ҷашни "Ҳелловин" дар Сеул як духтари қазоқ ҷон бохт


Сокини 26-солаи шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон Мадина Шерниёзова, ки рӯзи 29-уми октябр дар ҷараёни таҷлил аз ҷашни Ҳелловин дар шаҳри Сеул ҷон бохт, дар яке аз донишгоҳҳои олии Кореяи Ҷанубӣ таҳсил мекардааст.
Гулбон Шерниёзова, модари Мадина, ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфтааст, духтараш пеш аз рафтан ба ҷашни Ҳелловин бо хоҳари калонии худ видеоӣ тамос гирифта буд ва "табъи идона" дошт.
"Шавҳарам ба шаҳри Алмато рафт, то ба Сеул сафар кунад. Умедворем, ҷасади духтари моро пагоҳ ба Оқтеппа интиқол диҳанд. Масъулони сафорати Қазоқистон дар Кореяи Ҷанубӣ бо мо тамос гирифта, гуфтанд, ки кумак мекунанд", - изҳор дошт модари Мадина.
Ҳангоми таҷлил аз ҷашни "Ҳелловин" дар Кореяи Ҷанубӣ 151 нафар, аз ҷумла чанд хориҷӣ, ҷон бохтаанд.
Мақомоти Кореяи Ҷанубӣ гуфтанд, ҳодиса шаби 29-уми октябр ва дар пайи таҷаммӯи даҳҳо ҳазор нафар дар кӯчаҳои тангу борик рӯй дод. Бисёриҳо зери пой мондаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.