расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Ҳарифони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷоми футболи Осиё-2023 маълум шуданд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Варзиш

Ҳарифони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷоми футболи Осиё-2023 маълум шуданд


Дар натиҷаи қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми футболи Осиё-2023 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «С» қарор гирифта, дар он бо тимҳои Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва Уммон бозӣ хоҳад кард.
Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, чемпионати мазкур аз 1 то 18 март дар Ӯзбекистон баргузор мешавад.
Дар қуръакашӣ, ки рӯзи 26 октябр дар Тошканд баргузор шуд, 16 даста ба чаҳор гурӯҳ – «А», «В», «С» и «D» тақсим шуданд.  Ҳар кадоме аз гурӯҳҳо аз 4 даста иборат аст. Натиҷаҳои қуръакашӣ чунинанд:
Гурӯҳи «А»: Ӯзбекистон, Индонезия, Ироқ, Сурия.
Гурӯҳи «В»: Қатар, Австралия, Ветнам, Эрон.
Гурӯҳи «С»: Кореяи Ҷанубӣ, ТОҶИКИСТОН, Урдун, Уммон.
Гурӯҳи «D»: Арабистони Саудӣ, Ҷопон, Чин, Қирғизистон.
Пас аз ҷамъбасти Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон дар Ӯзбекистон чаҳор дастаи беҳтарин ба чемпионати ҷаҳон, ки соли оянда дар Индонезия баргузор мешавад, роҳхат мегирад.
Қобили зикр аст, ки Кореяи Ҷанубӣ чемпиони 12-каратаи Осиё дар ин синнусол буда, ин нишондиҳандаи рекордӣ дар Конфедератсияи футболи Осиё мебошад.
Ғайр аз ин, ин даста 5 маротиба медалҳои нуқра ва 6 маротиба медалҳои биринҷии Чемпионати Осиё байни бозингарони 20-соларо ба даст овардааст. Урдун ва Уммон ба мисли Тоҷикистон ҳоло дастоварде надоранд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • slotsite | Гости

    I was looking for another article by chance and found your article slotsite I am writing on this topic, so I think it will help a lot. I leave my blog address below. Please visit once. 


  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.