расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Тавоноии "Норак" ба андозаи як "Сангтӯда-1"-и дигар зиёд мешавад

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис

Тавоноии "Норак" ба андозаи як "Сангтӯда-1"-и дигар зиёд мешавад

Дар пайи таҷдиди нерӯгоҳи "Норак" иқтидори он ба андозаи беш аз тавоноии нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" зиёд карда хоҳад шуд.

Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо сокинони шаҳри Норак баён дошт.

Ба гуфтаи ӯ, солҳои охир бинобар куҳнаю фарсуда гардидани таҷҳизоти асосӣ иқтидори неругоҳ коҳиш ёфта, ҳоло бо тавоноии 2600 мегаватт фаъолият менамояд.

Вай таъкид намуд, ки баъди татбиқи пурраи лоиҳа иқтидори лоиҳавии неругоҳ аз 3000 ба 3375 мегаватт расонида мешавад. Бо дарназардошти тавоноии барқароршаванда ва 375 мегаватт иқтидори иловагие, ки дар натиҷаи таҷдид ба даст меояд, иқтидори кории неругоҳ 775 мегаватт зиёд мегардад.

"Яъне бо анҷом ёфтани корҳои таҷдиду азнавсозии пурраи неругоҳ иқтидорҳои барқароршаванда ва иқтидорҳои наве, ки дар асоси истифодаи технологияҳои пешрафта ба вуҷуд меоянд, аз иқтидори лоиҳавии неругоҳи барқи обии "Сангтӯда – 1", ки 670 мегаватт мебошад, зиёдтар мешавад", - афзуд ӯ.

Тибқи асосноксозии техникиву иқтисодии лоиҳаи "Таҷдиди неругоҳи барқи обии "Норак" ва таъмини бехатарии сарбанди он", ки аз ҷониби ҳукумат бо ҷалби мушовирони байналмилалӣ таҳия шудаст, маблағи навсозӣ беш аз 7 млрд сомонӣ арзёбӣ гардидаст.

Муҳлати умумии татбиқи лоиҳа 10 солро дар бар мегирад ва то ҳол қариб 3 млрду 300 млн сомонӣ ва барои марҳалаи дуюми он 1 млрду 120 млн сомонӣ ҷалб гардидааст.

Дар доираи марҳалаи якуми лоиҳа иваз кардани се агрегат, 6 трансформатор, таҷдиди дастгоҳи тақсимоти кушода ва иҷрои корҳо вобаста ба таъмин намудани бехатарии сарбанд дар назар аст. Дар доираи марҳалаи дуюм иваз кардани 6 агрегати боқимонда, таъмири бинои неругоҳ ва хариди техникаву таҷҳизоти зарурӣ пешбинӣ шудааст, гуфт Раҳмон.

Сарчашма:​Sputnik​​​


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.