расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Барфи шадид мебошад: маҳдудияти ҳаракат барои баъзе мошинҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис

Барфи шадид мебошад: маҳдудияти ҳаракат барои баъзе мошинҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ

Ҳаракати мошинҳои боркаш дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ муваққатан боздошта шуд, хабар медиҳад, дафтари матбуоти IRS.

"Бо мақсади эҷод накардани монеа ба ҳаракати воситаҳои нақлиёти сабукрав гузариши "Фура" ва нақлиёти боркаши ядакдор муваққатан маҳдуд карда шуд", - омадааст дар иттилоияи ин ширкат.

Манбаъ меафзояд, ин тасмим дар пайи оғози бориши пуршиддати барф аз километри 136 то километри 170- уми роҳи Душанбе - Чаноқ гирифта шуд.

Феълан ба ин қисмати роҳ кормандону техникаҳо сафарбар шуда, тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 19 октябр низ бинобар боришоти зиёд ин масир муваққатан баста шуда буд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан ҳавошиносон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз номусоид омадани бодуҳаво дар ҷумҳурӣ ҳушдор дода буданд.

Мақомот таъкид намуданд, ки аз то 27-уми октябри соли равон дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои сард, боридани борону барфи тар пешгӯӣ мешавад.

КҲФ аз сокинони кишвар хоҳиш кард, барои ҷамъоварии ҳосили боқимонда шитоб кунанд, то сардиҳо ба маҳсулоти ҳанӯз дар заминҳо хобидаи кишоварзӣ таъсир нарасонанд.

Ҳамчунин маслиҳат дода шуд, ки давоми ин рӯзҳо аз корҳои саҳроию чоровопарварӣ ҳадди имкон худдорӣ намоянд.

Сарчашма:​Sputnik​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.