расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Мушкилоти интернет дар Тоҷикистон низ пас аз Қирғизистон оғоз шуд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис

Мушкилоти интернет дар Тоҷикистон низ пас аз Қирғизистон оғоз шуд

Қирғизистон қисман бе интернет монд ва пас аз он мушкилот дар Тоҷикистон низ оғоз ёфт.

Тибқи иттилои Вазорати рушди рақамии Қирғизистон, садама дар масирҳои асосии провайдерҳо дар марзи Қирғизистон ва Қазоқистон рух додааст.

Ин ба фаъолияти интернет дар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон, таъсир гузошт. Бисёре аз корбарон аз мушкилоти иртибот шикоят мекунанд.

Тавре яке аз мутахассисони ширкати мобилии BABILON-T ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба далели садама интернет дар кишвар дар ҳоли ҳозир тавассути каналҳои эҳтиётӣ кор мекунад, вале фарохмаҷрои камтар.

Дар ҳамин ҳол, ҷониби Қирғизистон тавзеҳ медиҳад, ки то ин вақт корҳо барои рафъи мушкилот идома доранд, ки дар ояндаи наздик ҳал хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, қаблан маълум шуда буд, ки пас аз таҷдиди истгоҳҳои мобилӣ дар минтақаҳои Турсунзода, Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ аз ҷиҳати суръати интернети мобилӣ аз пойтахти Тоҷикистон пеш гузаштанд.

Аз аввали соли 2022 шабакаҳои мобилии Тоҷикистон тақрибан ба 480 истгоҳи базавӣ афзоиш ёфтааст.

Танҳо ширкати "Мегафон" ҳудуди 3000 пойгоҳро ба истифода дод. Аксари онҳо дар формати 4G/LTE кор мекунанд.

Сарчашма:​Sputnik​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.