расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » “Онҳо шаҳиданд”. Ҳамдардии муфтии Тоҷикистон ба хонаводаи қурбониёни муноқишаҳои марзӣ

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа / Дин

“Онҳо шаҳиданд”. Ҳамдардии муфтии Тоҷикистон ба хонаводаи қурбониёни муноқишаҳои марзӣ


Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Тоҷикистон, зимни аёдат аз хонаводаи онҳое, ки дар муноқишаҳои охири марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон қурбон шуданд, гуфтааст, афроде, ки дар роҳи ҳифзи Ватан аз ҳар гуна таҷовуз ҷон супурдаанд, ба мартабаи баланди шаҳодат расидаанд.
Тавре аз дафтари матбуоти Кумитаи дин, анъана ва ҷашну маросим хабар доданд, ходимони динии кишвар, аз ҷумла Сулаймон Давлатзода, раиси  Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Тоҷикистон аввали моҳи октябр хонавода ва пайвандони ҳар як шаҳидони марзро аёдат карда, ба онҳо кумаки ғизоӣ ва пулӣ расонидаанд.
“Намояндагони Кумита ба аҳли хонавода, падару модар ва фарзандону пайвандони онҳое, ки дар роҳи таъмини сулҳу субот, ҳифзи марзу буми Ватан, якпорчагии давлат ва ҳимояи он аз ҳуҷумҳои таҷовузкорона сина сипар карданд, изҳои таъзия ва ҳамдардӣ намуданд”,- менависад манбаъ.
Аз ин ниҳод афзуданд, Сулаймон Давлатзода зимни суҳбат бо падару модарони афсарону сарбозони шаҳидгардида барои тарбияи фарзандони ғайюру ватандӯст ва фидоии роҳи Ватан арзи сипосу қадрдонӣ намуда, аз номи Ҳукумати Тоҷикистон ба онҳо изҳори таслияту ҳамдардӣ баён намудааст.
Акс аз Кумитаи дин
Саидмукаррам Абдуқодирзода афзудааст, афроде, ки дар роҳи ҳифзи Ватан аз ҳар гуна таҷовуз ҷон супурдаанд, ба мартабаи баланди шаҳодат расидаанд ва шаҳидон дар назди Худованд аз эътибори баланде бархӯрдоранд.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи мушаххассозии сарҳад миёни ҳам баҳс доранд ва сари ҳар чанд вақт ин боис ба муноқишаи мусаллаҳона низ мегардад. Охирин муноқишаи марзӣ, ки 14-17-уми сентябр сар зад, боиси куштаву захмӣ шудани даҳҳо нафар аз ҳарду ҷониб гардид.
Бо вуҷуди созишномае, ки 19-уми сентябр байни роҳбарони Кумитаи давлатии амнияти миллии ду кишвар дар мавриди суботи авзоъ ва дур кардани нерӯҳо аз хати марз ба имзо расид, таниши лафзии тунд дар сатҳи вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар давом дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Jay | Гости

    Hi, I'm Jay, a 14-year experienced english SEO copywriter and content writer. I have created top-ranking content for blogs, articles, e-commerce products, and websites for my clients. My fee is USD 50 for 1000 words, and I'm open to discussing your requirements.  Just send me an email at Jay.Abby73@gmail.com.

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.