расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Умедҷон Ҷабборов, муттаҳам ба ғорати ҳамсари Александр Градский ба 8 соли зиндон маҳкум гардид

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис

Умедҷон Ҷабборов, муттаҳам ба ғорати ҳамсари Александр Градский ба 8 соли зиндон маҳкум гардид


Додгоҳи шаҳри Маскав Умедҷон Ҷабборов, шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистонро, ки ба ғорати 100 миллион рубл пули нақди ҳамсари овозхони марҳуми рус Александр Градский айбдор мешуд, ба 8 солу 2 моҳи зиндон маҳкум кард. Дар ин бора хабаргузории РБК бо такя ба ТАСС 
хабар медиҳад.
Умедҷон Ҷабборов зодаи ҷамоати Ғазантараки ноҳияи Деваштич аст ва пеш аз боздошт дар яке аз ширкатҳои колорасонӣ дар Маскав кор мекард.
Марина Градская, ҳамсари Александр Градский, рӯзи 16-уми январи соли равон ва ду моҳ баъди марги шавҳараш, дар наздикии хонааш, дар ноҳияи Наро-Фоминск дар Маскав мавриди ҳамла қарор гирифтааст ва ҷабрдида ғоратгаронро ба хонааш бурда, 100 миллион рубл додааст.
Ин зан аз рӯи ҳодисаи мазкур ба додгоҳи Маскав шикоят карда буд ва дар пайи ин ариза Умедҷон Ҷабборов, ки мехост аз Русия ба Қазоқистон равад, дар як истгоҳи метрои Маскав дастгир гардид.Гуфта мешавад, ғоратгарони дигар, ки дар ин қазия шарик буданд, баъди тақсими маблағ аз Русия фирор карданд. Тафтишот бар ин бовар аст, ки онҳо дар Тоҷикистон паноҳ бурдаанд.
Ҳамин тавр, Умедҷон Ҷабборов ба ҷамъоварии маълумот дар бораи ҷои истиқомати ҷабрдида Александр Градский ва дигар ҷузъиёти ҳаёти шахсии ӯ машғул будааст.
Умедҷон Ҷабборов қисман ба гуноҳаш иқрор гардида, ба додгоҳ гуфтааст, шарикони дигараш ӯро фиреб доданд. Ӯ баёнот додааст, ки яке аз шариконаш ду сол пеш ҳам Александр Градскийро, ки он вақт зинда буд, ғорат кардааст, вале овозхон он вақт аз тарси ҷони зану фарзандони хурдсолаш ба пулис шикоят накардааст.
Ба гуфтаи манбаъ, додгоҳ қисман ба гуноҳ иқрор шудани Умедҷон Ҷабборов ва кӯдаки ноболиғ доштанашро, ҳамчун ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазо, ба назар гирифта, ҳукм содир кардааст. Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ барои Умедҷон Ҷабборов даҳ соли зиндон талаб карда буд.
Аммо, бар изофаи даъвои 100 миллион рубл пули нақд аз ҳамсари овозхони марҳуми рус Александр Градский, додгоҳ гуфтааст, Умедҷон Ҷабборов узви як гурӯҳи ҷиноие буд, ки аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон дар вилояти Маскав ташкил ёфтааст.
Додгоҳи Маскав нисбати Умедҷон Ҷабборов мутобиқи қисми 4 моддаи 162 Кодекси ҷиноятии Русия дар “роҳзанӣ” исбот кардааст ва ба номбурда адои ҷазо ба мӯҳлати 8 солу 2 моҳ ҳукм баровардааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.