расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Қатар мизбони “Ҷоми Осиё-2023” оид ба футбол интихоб шуд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Варзиш

Қатар мизбони “Ҷоми Осиё-2023” оид ба футбол интихоб шуд


Имрӯз Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) қарори ниҳоияшро ба тасвиб расонид, ки тибқи он “
Ҷоми Осиё-2023” моҳи январи соли 2024 дар Қатар баргузор мешавад.
Ба иттилои сомонаи Конфедератсияи футболи Осиё, Раиси AFC Шайх Салмон дар ҷаласаи 11-уми Кумитаи иҷроияи AFC раиси Федератсияи футболи Қатарро бо қабули мусобиқаҳои “Ҷоми Осиё-2023” табрик гуфтааст.
“Иқтидори Қатар ва таҷрибаи пешқадам дар баргузории чорабиниҳои бузурги байналмилалии варзишӣ ва таваҷҷуҳи ҷиддии масъулини ин кишвар боиси таҳсин аст”, - гуфтааст Шайх Салмон.
Раиси AFC гуфтааст, итминон дорем, ки Қатар минбонии арзандае хоҳад дошт, ки ба нуфузи Ҷоми Осиё мувофиқат мекунад.
Ин мусобиқа бояд тобистони соли оянда дар Чин баргузор мешуд, аммо бо сабаби вазъи вазнини эпидемиологӣ, кишвари Чин маҷбур шуд, ки аз баргузории “Ҷоми Осиё-2023” даст кашад.
Ҳамин тавр, Австралия, Индонезия ва Кореяи Ҷанубӣ барои баргузории “Ҷоми Осиё-2023” таваҷҷӯҳ зоҳир карда буданд, вале ҳамаи ин кишварҳо дархостҳои худро бозпас гирифтанд.
Гуфта мешавад, Чин бар ивази саркашӣ аз мизбонии “Ҷоми Осиё-2023” аз мизбонии “Ҷоми Осиё-2027” низ маҳрум карда шуд.
Ба эҳтимоли зиёд Арабистони Саудӣ мизбони “Ҷоми Осиё-2027” хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки Қатар мизбони Ҷоми ҷаҳонии футболи соли 2022 аст, ки он мусобиқа аз 20-уми ноябр то 18-уми декабр баргузор мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.