расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии ҷудо маълум шуд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Варзиш

Мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии ҷудо маълум шуд

Федератсияи байналмилалии ҷудо рейтинги ҷаҳониро нашр кард, ки ба он варзишгарони Тоҷикистон низ шомил шудаанд.

Натиҷаи беҳтарин дар радабандии ҷудо миёни тоҷикон ба Темур Раҳимов тааллуқ дорад, ки дар вазни +100 кг мақоми аввалро ишғол мекунад. Ҳоло вай 4705 хол дорад.

Дар мақоми дуюм Комроншоҳ Устопириён дар вазни 90 кг қарор дорад. Вай 2597 хол дорад ва дар чаҳон ҷои 12-умро ишғол мекунад.

Нуралӣ Эмомалӣ дар вазни 66 кг дар байни ҷудочиёни тоҷик дар мақоми сеюм бо 1030 имтиёз ва дар ҷаҳон мақоми 34 - юмро аз худ намудааст.

Дар вазни то 90 кг Ҷаҳонгир Маҷидов дар байни намояндагони Тоҷикистон мақоми чаҳорумро касб мекунад. Вай бо 891хол дар ҷои 41 -ум қарор дорад.

Дар вазни 73 кг Беҳрӯз Хоҷазода мақоми 43-юм гирифт. Ӯ 1017 имтиёз дорад. Шодмон Ризоев дар вазни 81 кг бо 786 имтиёз дар зинаи 51-уми рейтинг меистад.

Муҳаммадраҳим Сарахонов дар вазни то 73 кг дар ҷои 58-ум (700 имтиёз) қарор дорад.

Дар раддабандӣ ҳаштгонаи беҳтарин Сомон Маҳмадбеков қарор дорад. Ӯ қаблан аз 73 кг ба 81 кг гузашт ва ҳоло дар раддабандии ҷаҳонӣ бо 590 имтиёз дар ҷои 67-ум қарор дорад.

Тоҷикистон дар раддабандии тимҳои ҷаҳонӣ (13253 имтиёз) дар ҷои 41-ум қарор дорад. Алҷазоир садрнишин буда, мақоми охиронро Булғористон касб намудааст.

Дар радабандии ҷаҳонии ҷудо дар маҷмӯъ 172 кишвар намояндагӣ мекунанд. Кишварҳои Осиёи Марказӣ: Қазоқистон дар ҷойи 12, Ӯзбекистон 17, Қирғизистон 48 ва Туркманистон 66 - ум қарор дорад.


Сарчашма:​Sputnik​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.