расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Темур Раҳимов ҳам бе медал ба Тоҷикистон меояд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Варзиш

Темур Раҳимов ҳам бе медал ба Тоҷикистон меояд


Темур Раҳимови 25-сола, паҳлавони маъруфи тоҷик, ки дар мусобиқоти Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон барои дарёфти медали биринҷӣ мубориза мебурд, аз Гурам Тушишвили, паҳлавони номдори 27-солаи гурҷӣ шикаст хӯрд.
Дар муҳориба, ки шоми имрӯз баргузор шуд, Раҳимов бо як вазарӣ аз ҳарифи гурҷиаш шикаст хӯрд ва аз медали биринҷӣ маҳрум шуд, вале дар зинаи панҷум қарор гирифт.
Гурам Тушишвили барандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпии Токио-2020 мебошад.
Темур Раҳимов баъди се пирӯзӣ ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт, вале дар даври нимниҳоӣ мувоҷеҳи шикаст шуд.
Дар рӯзи 7-уми Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон имрӯз, 12-уми октябр Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило ба рақобат пардохт. Ӯ дар даври аввал озод буд.
Ҷудокор дар даври дуюм бо намояндаи Словакия – Мариус Физел маҳоратсанҷӣ кард. Дар рақобати ин ду паҳлавон Темур дилпурона ва бо як иродаи қавию матонати хосса, бо ду вазарӣ зафар ёфт ва ягона ҷудокори тоҷик дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳонии кунунӣ шуд, ки ба даври сеюм баромад.
Раҳимов дар даври сеюм намояндаи Фаронса  Жозеф Терҳекро  бо имтиёзи иппон мағлуб ва роҳашро ба даври чаҳорякниҳоӣ ҳамвор кард.
Дар даври чаҳорякниҳоӣ Темур Раҳимов бо Минйонг Ким паҳлавони варзидаи кореягӣ дастбагиребон шуд. Рақобати ин ду паҳлавони сангинвазн ба навфъи Темур анҷом ёфт, зеро дар раванди сабқат Темур Раҳимов тавонист, ки имтиёзи вазарӣ кор кунад.
Рақиби Темури 25-сола дар даври ниманиҳоӣ ҷудокори  20-солаи ҷопонӣ Татсуру Саито гардид, ки замоне дар “Baku Grand Slam” аз ҳамин ҷудоварз ноком гардида буд
Ёдовар мешавем, аз байни 9 варзишгари тоҷик нахустин шуда Эмомалӣ Нуралӣ ба рақобат пардохт. Ӯ дар вазни то 66 кило баъди пирӯзӣ бар Орландо Поланко аз Куба, дар ҳаштякфинал аз қаҳрамони Бозиҳои олимпии Токио-2020 Ҳифуми Абе аз Ҷопон мағлуб шуд.
Баъдан ду паҳлавони дигари тоҷик – Муҳаммадраҳим Сарахонов ва Беҳрӯзи Хоҷазода - дар рақобатҳо дар вазни то 73 кило иштирок карданд. Хоҷазода дар даври аввал Аксус Бенҷамини фаронсавиро шикаст дод, вале дар даври дувум қувваозмоиро ба Виктор Стерпу аз Молдова бохт. Сарахонов бошад, дар даври аввал аз Нилс Стампи швейтсарӣ мағлуб шуд.
Рӯзи 9-уми октябр боз ду паҳлавони тоҷик - Сомон Маҳмадбеков ва Шодмон Ризоев – дар вазни то 81 кило вориди рақобат шуданд. Маҳмадбеков дар даври аввал бар Франкойс Гаузейр аз Канада пирӯз гардид, вале дар даври дувум аз Шарофиддин Болтабоеви узбекистонӣ мағлуб шуд. Ризоев, ки дар даври аввад озод буд, дар даври дувум аз Ашраф Моутил аз Марокаш шикаст хӯрд.
Рӯзи 10-уми октябр паҳлавонони шинохтаи тоҷик - Комроншоҳи Устопириён ва Ҷаҳонгир Маҷидов – дар вазни то 90 кило қувваозмоӣ карданд. Устопириён дар даври аввал аз Ивайло Иванов аз Булғористон шикаст хӯрд. Маҷидов, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дувум аз Станислав Гунченко аз Украина мағлуб шуд.
Рӯзи 11-уми октябр Абубакри Акобир, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дувум аз Николоз Шеразадашвили аз Испания шикаст хӯрд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.