расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » На фоҳиша будаму на нашъаманд, вале...

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

На фоҳиша будаму на нашъаманд, вале...

9 сол пеш баъд аз озмоишҳои такрорӣ дақиқ кар, ки дар хунаш вируси норасогии масъунияти одам дорад.

Ӯ намедонист, ки ин вирус чӣ гуна ба вуҷуди ӯ ворид шудааст. Пас аз шунидани натиҷаҳои яксон дар ҳолати сахти равонӣ қарор гирифт.

Ин қаҳрамони мо дар бораи роҳҳои гузариши вирус маълумот надошт. Аз ин хотир фикр мекард, ки ин вирус танҳо дар хуни нафарони сабукпойҳо ва нашъамандон пайдо мешавад.

"Пеш аз он ки худам ба беморӣ гирфитор набудам, фикр мекардам, ки ин вирус танҳо дар нафарони сабукпой ва нашъаманд дида мешавад."  Вируси норасогии масъунияти одам аз ҷумлаи мушкилиҳои соҳаи танурустии кишвар маҳсуб меёбад, ки бо се роҳ, аз сӯзандоруи истифода шуда, аз хун ба хун ва алоқаи ҷинсӣ ба шахси солим сироят мекунад.

Тибқи Барномаи миллӣ оид ба муқовимат бо эпидемияи ВНМО дар кишвар барои солҳои 2021-2025 роҳандозӣ гардидааст, ки яке аз самтҳои он Паст кардани табъиз ва решакан кардани тамғагузорӣ ва зӯроварӣ нисбат ба одамони бо ВНМО зиндагикунанда мебошад.

  Қаҳрамони мо мехоҳад, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурӣ барои ин гурӯҳи одамон дастгирии молиявӣ карда шуда, онҳо тавонанд, озодона дар хонаҳои худ зиндагӣ намоянд.  


 Сарчашма:оила тҷ

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.