расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Маҳмадбеков ва Ризоев ҳам аз ҳаққи идомаи рақобат дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон маҳрум шуданд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Варзиш / Ҳаводис

Маҳмадбеков ва Ризоев ҳам аз ҳаққи идомаи рақобат дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон маҳрум шуданд

Тоҷикистонро дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар вазни то 81 кило ҷудокорон Шодмон Ризоев ва Сомон Маҳмадбеков намояндагӣ карданд, ки ҳардуяшон ҳам муваффақ нашуданд.

Ба гузориши телевизиони "Варзиш2, нахуст Сомон Маҳмадбеков ҷудокори 23-солаи тоҷик дар даври аввал бо намояндаи Канада – Франкойс Гаузейр нерyсанҷӣ карда, ғолиб баромад. Дар ин рақобат Маҳмадбеков бо имтиёзи вазарӣ ба даври дуюм баромад.

Манбаъ афзуд, дар даври дуюм рақиби Сомон – Шарофиддин Болтабоеви ӯзбек гардида, тақдири сабқатро шидо ҳал намуд. Сомон барои камфаъолӣ аз ҷониби довар 3 шидо гирифт ва рақобатро ба Болтабоев бохт, афзуд манбаъ.

Шарофиддин Болтабоев дар даври 3-юм бо ҷудокори ҷопонӣ Сотаро Фуҷивара зӯрозмоӣ мекунад, аммо барои Сомон Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар даври дуюм поён ёфт.

Ҷудокори дигари тоҷик, Шодмон Ризоев дар ин вазн рақобатҳоро аз даври дуюм аз зӯрозмоӣ бо Ашраф Моутили марокашӣ оғоз кард. Дар сабқати ин ду ҷудокор пирӯзӣ насиби ҷудокори 25-солаи марокашӣ гардид бо имтиёзи иппон шуд.

Дар даври сеюм Ашраф бо ҷудокори эронитабори озарбойҷонӣ – Саид Муллоӣ сабқат мекунад.

Маврид ба зикр аст, ки давоми 4 рӯзи қаҳрамонии ҷаҳон ҷудокорони тоҷик натавонистаанд ба марҳилаҳои ниҳоӣ роҳ ёбанд ва аллакай дар даври дуюм аз сабқат канор мемонанд.

Сарчашма:​Sputnik​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.