расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Ҷон бохтани 10 узви хонаводаи як афсари пешини пулиси Афғонистон дар Эрон

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис / Ҷаҳон

Ҷон бохтани 10 узви хонаводаи як афсари пешини пулиси Афғонистон дар Эрон

Манобеъ дар Эрон мегӯянд, ки Фаридун Умарёр, афсари пешини вазорати дохилаи ҳукумати пешини Афғонистон бо 10 узви хониводааш, дар асари инфиҷори газ дар ин кишвари ҷон бохтаанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.

Бар асоси маълумоти манобеъ ин рӯйдоди нохуш ахиран дар шаҳристони муларади Теҳрон рух додааст.

Яке аз наздикони Умарёр дар суҳбат бо хабарнигори “ҳашти субҳ” гуфт: "шаби гузашта газ нашт карда ва бомдод бо равшан кардани ломпи хонаи мунфаҷир шудааст”.

Манбаъ афзуд, ки дар пайи ин инфиҷор ба шумули Умарёр, хонумаш, писарону духтаронаш низ кушта шудаанд.

Ӯ изофа кард, ки Умарёр се рӯзи пеш ба далели озору азияти толибон ба Эрон фирор кард ва дар як зеризаминӣ зиндагӣ мекард.

Ёдовар мешавем, ки баъд аз омадани толибон дар Афғонистон ба сари қудрат, аксари кормандони пулис ва низомиёни ин кишвар ба кишварҳои ҳамсоя фирор карданд.

Маврид ба зикр аст, ки авоили моҳи августи соли 2021 толибҳо ҳамлаи худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15-уми август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба поён расидааст.

Ду ҳафтаи ахири моҳи августи соли гузашта аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонистониҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.

Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.

Феълан ягон давлате ин ҳукумати ин гурӯҳро дар Афғонистон ба расмият нашинохтааст. Сабаби аслии кашолкорӣ дар машруъияти ин ҳукумат иҷро нагардидани ваъдаҳои додаашон дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди риояи ҳуқуқи инсону ташкили ҳукумати ҳамашумул гуфта мешавад.

Ба гуфтаи коршиносон баъд аз омадани толибон ба сари қудрат вазъи иқтисодии Афғонистон бад шудааст.


Сарчашма:​Sputnik​​​


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.