расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Рутбаи нави Қодиров – генерал полковник

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат / Ҷаҳон

Рутбаи нави Қодиров – генерал полковник

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров рутбаи генерал-полковники Қӯшунҳои дохилӣ дод, дар ин бора Қодиров дар Телеграмм-канали худ хабар додааст.

"Мехоҳам боз як хабари хушро бо шумо расонам. Раисиҷумҳури Русия ба ман рутбаи генерал-полковник дод. Фармон таҳти рақами 709 содир шудааст. Дар ин бора ба ман Владимир Владимирович шахсан хабар дода, маро табрик кард", — навиштааст ӯ.

Қодиров ба Путин барои баҳои баландаш изҳори сипос кард ва ваъда дод, шоистаи боварии ращбари Русия хощад буд".

Вай инчунин қайд кардааст, ҳоло “сарбозони мо дар ҶМД ва дар вилояти Херсон амалиёти бомуваффакияти ҳуҷумиро анҷом медиҳанд”.

"Онҳо деҳа ба деҳа ва посгоҳҳоу нуқтаҳои муҳими стратегиро озод мекунанд. Воқеан дар ин лаҳза нерӯҳои Русия дар набардҳои шадид ба пеш ҳаракат доранд", - афзуд Рамазон Қодиров.

Ёдовар мешавем, раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров аз баҳори соли ҷорӣ генерал-лейтенанти нерӯҳои дохилӣ буд. Соли 2004 низ унвони Қаҳрамони Русияро гирифт.

Сарчашма:​Sputnik​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.