расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Баргузории рӯзҳои фарҳанги Эрон дар Тоҷикистон

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис

Баргузории рӯзҳои фарҳанги Эрон дар Тоҷикистон

Вазири фарҳанги Эрон Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ дар дидор бо вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода дар Теҳрон таъкид кард, ки моҳи оянда яъне моҳи ноябр ҳафтаи фарҳангии Эронро дар Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд, иттилоъ додааст ИРНА.

“Иншоаллоҳ моҳи оянда руйдоди ҳафтаи фарҳангии Эронро дар Тоҷикистон бо матлубтарин ва мутанавеътарин кайфият баргузор хоҳем кард”, - қайд кардааст Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон.

Вай ҳамчунин илова кард, ки миёни Эрон ва Тоҷикистон ҳеҷ монеъи барои густариши фаъолиятҳои фарҳангӣ вуҷуд надорад, Душанбе ва Теҳрон таърих, фарҳанг ва маданияти муштарак доранд.

“Эрон ва Тоҷикистон ду кишвари бузурги ҳамроҳ бо таърих, фарҳанг ва маданяти муштарак ҳастанд, эрониён ва тоҷикон ҳамдигарро мисли як миллати воҳид ба шумор меоваранд чаро, ки дорои таърихи муштарак ҳастанд ва нисбат ба ҳам отифа доранд муҳимтар аз ҳама ин мавориди иштироки забони аст, забони форсӣ ва ба хусус адабиёти муштарак ду миллатро ба ҳам пайванд зада аст”, гуфт оқои Исмоилӣ.

Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳои дар дар шаҳрҳои Теҳрон, Шероз ва Табрези Эрон рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад.

ар чорчуби рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Теҳрон, Шероз ва Табрези Эрон консерт ва намоишгоҳҳо бо ҳузури ҳунармандони тоҷик баргузор хоҳад шуд.

Сарчашма:​Sputnik​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.