расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Тоҷикистон Арманистону Озарбойҷонро ба музокирот даъват кард

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат

Тоҷикистон Арманистону Озарбойҷонро ба музокирот даъват кард


Мақомоти Тоҷикистон дар пайи даргириҳои ахир дар марзи Арманистону Озарбойҷон аз ин кишварҳо даъват карданд, ки мушкилоташонро бо роҳи музокира ҳал намоянд

ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Тоҷикистон аз Арманистон ва Озарбойҷон даъват кард, ки сари мизи музокирот нишинанд, гуфт сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни суханронӣ дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои Амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, ки ахиран ба таври маҷози сурат гирифт.
Тавре АМИТ “Ховар” хабар додааст, Расулзода ба ҳалли ҳарчи зудтари вазъ дар сарҳади Арманистон ва Озарбойҷон бо роҳи дипломатӣ даъват намуд.
Қоҳир Расулзода нигаронии ҷониби Тоҷикистонро аз ташаннуҷи нави равобити Арманистон ва Озарбойҷон иброз дошт.
“Муҳим аст, ки ба ташаннуҷи минбаъдаи вазъият роҳ дода нашавад ва ҷонибҳо ҳарчи зудтар роҳҳои ҳалли мушкилотро ба маҷрои сиёсиву дипломатӣ баргардонанд”, — иброз дошт ӯ.
Ҳамчунин Сарвазири кишвар изҳори итминон кард, ки ягона роҳи таъмини сулҳу субот дар минтақа - ин истифодаи муассир аз воситаҳои муколама дар асоси санадҳои қабулгардида мебошад.
Ёдовар мешавем, ки шоми 13 сентябр бо дархости Сарвазири Арманистон, Раиси феълии Шӯрои Амнияти дастҷамъии СААД Никол Пашинян ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои Амнияти дастҷамъии Созмон дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.
Бо супориши Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи мазкур Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.