расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ором аст: музокира ба чӣ натиҷа расид?

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ором аст: музокира ба чӣ натиҷа расид?


Музокираи мақомоти ду кишвари ҳамсоя барои бозгардонидани оромишу субот ба минтақаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон анҷом ёфт

ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар минтақаи нейтралӣ, миёни деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти Сурхи Исфара ва мавзеи Қарабоғи ноҳияи Бодканди Қирғизистон пушти мизи музокира нишаста буданд, аз иқдомоте дар ҷиҳати ҳифзи субот кор гирифтанд, иттилоъ додааст ба Sputnik Тоҷикистон манбаи огоҳ аз музокирот.
Манбаъ мегӯяд, дар ин музокирот Қирғизистону Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд, ки ҳайати кормандони шуъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳои марзӣ дар мавзеи Торт-Кочо посбонӣ кунанд.
Ҳамчунин тарафҳо дар мавриди берун кашидани техникаҳои низомӣ аз наздикии марз ва ҷазо додани нафароне, ки дар ин тирпарронӣ даст доштанд, ба тавофуқ расиданд.
Дар ҳамин ҳол ҷониби Қирғизистон хабар додааст, ки тарафҳо дар ин музокирот ба тавофуқ расиданд, намояндагони сарҳадӣ бо мақсади назорати вазъ дар сарҳад, дар минтақаи Торт-Кочо мустақар шаванд.

Таъкид шудааст, ки соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ дар мавзеи Торт-Кочо мулоқоти навбатӣ баргузор гардад. Дар он фармондеони нерӯҳои марзбонии ду кишвар, ки сарҳадро посбонӣ мекунанд, ширкат хоҳанд кард.
Мулоқоти навбатии раҳбарияти ду вилояти марзӣ дар мавзеи Кӯксой баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, субҳи имрӯз Тоҷикистон сарҳадбонони қирғизро дар гулӯлаборон кардани постгоҳи сарҳадии "Кех" дар ҷамоати Ворух муттаҳам кард.
КДАМ Тоҷикистон хабар додааст, ки сарҳадбонони дидбонгоҳи марзии "Булакбошӣ"-и Бодканди Қирғизистон ба тарафи дидбонгоҳи сарҳадии "Кех"-и отряди сарҳадии Исфараи Тоҷикистон аз минамёт гулӯлаҳо партофтаанд.
Ба иттилои манбаъ, тақрибан соати 7:15 дақиқаи 14 сентябр нерӯҳои қирғиз бе ягон сабаб, аз миномёт 4 гулӯла сӯи постгоҳи "Кех" парондаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.