расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Иштироки вазири хориҷаи Тоҷикистон дар 77-умин ҷаласаи Маҷмаи умумии СММ

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат

Иштироки вазири хориҷаи Тоҷикистон дар 77-умин ҷаласаи Маҷмаи умумии СММ


Ҳайати Тоҷикистон барои иштирок дар 77-умин иҷлосияи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки аз 13 то 26 сентябр баргузор мешавад, ба Амрико меравад

ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Ҳайати Тоҷикистон таҳти раҳбарии Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии кишвар дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи умумии СММ дар Ню-Йорк ширкат хоҳад кард, хабар дод Шоҳин Самадӣ, котиби матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Ба гуфтаи вай, вазири хориҷаи Тоҷикистон 19 сентябр ба ин чорабинӣ ҳамроҳ мешавад.
Шоҳин Самадӣ баргузории мулоқотҳои дуҷонибаи вазири хориҷаро дар ҳошияи иҷлосияи СММ рад накард.
Дар ҳамин ҳол сухангӯи Вазорати хориҷа дар мавриди он ки вазир бо кӣ гуфтушунид мекунад, тавзеҳеро ироа накард.

Дар ҳамин ҳол тавре сомонаи СММ хабар додааст, қарор аст, дар ин иҷлосия доираи васеи масоил баррасӣ шавад.
“Пандемияи коронавирус ягона масъалаи асосӣ дар ҷаҳон нест. Нажодпарастӣ, таҳаммулнопазирӣ, нобаробарӣ, тағирёбии иқлим, камбизоатӣ, гуруснагӣ, даргириҳои мусаллаҳона ва дигар мушкилот ҳамчун чолиши глобалӣ боқӣ мемонанд. Хамаи ин чолишҳо тадбирҳои умумиҷаҳониро талаб мекунанд ва Маҷмаи умумӣ як имконияти нодирест, ки ҳамаро якҷоя чамъ меорад ва роҳи ояндаро муайян месозад”, - гуфта шудааст дар иттилоия.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.