расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Шарикони тиҷории Тоҷикистон дар СҲШ: бо кӣ савдо зиёд шуду бо кӣ кам?

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Иқтисодиёт / Ҷаҳон

Шарикони тиҷории Тоҷикистон дар СҲШ: бо кӣ савдо зиёд шуду бо кӣ кам?

Муомилоти молии миёни Тоҷикистон ва дигар кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай - СҲШ тайи 7 моҳи аввали соли равон ба аз 2 млрду 871 млн доллар расидааст.

Дар ин бора хабаргузории "Авесто" бо такя ба Хадамоти гумруки Тоҷикистон иттилоъ додаст.

Бино ба иттилои ин манбаъ, тиҷорати Тоҷикистон бо ду кишвари узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай - Қирғизистон ва Покистон дар ин муддат коҳиш ёфтааст.

Дар баробари ин, афзоиши савдо бо дигар кишварҳо, аз ҷумла Қазоқистон, Русия, Чин, Ӯзбекистон ва Ҳиндустон ба қайд гирифта шудааст.

Аз қариб 2,9 млрд доллар ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои дигар аз феҳристи СҲШ, 2,1 млрди он ба воридот рост меояд.

Содироти коло аз Тоҷикистон ба кишварҳои СҲШ наздики 800 млн долларро ташкил додаст.

Дар зимн Русия, Қазоқистон, Чин ва Ӯзбекистон шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонанд.

Ҳаҷми тиҷорат бо ин кишварҳо дар 7 моҳи аввали соли равон аз 2 млрду 770 млн доллар гузашт. Дар ин давра тавозуни гардиши мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои дигари СҲШ манфӣ буда, воридоти маҳсулот аз ин давлатҳо ба ҷумҳурӣ нисбат ба содирот хеле бартарӣ дорад.

Сарчашма:​Sputnik​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.