расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Содироти Афғонистон ба беш аз як миллиард доллар расид

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат / Ҷаҳон

Содироти Афғонистон ба беш аз як миллиард доллар расид

Афғонистон дар яксоли гузашта 1 миллиарду 364 миллион доллар ба 10 кишвар содирот доштааст, иттилоъ додааст хабаргузори “Порстудей” дар истинод ба Нуриддин Азизӣ, вазири санъат ва тиҷорати ҳукумати толибон.

Тибқи иттилои манбаъ, ахиран вазири санъат ва тиҷорати Толибон бо ташреҳи амалкарди ин вазоратхона дар яксоли гузашта афзуд, барои тақвияти бахши содирот, ройзаниҳои фаровоне бо масъулони Покистон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Ӯзбекистон, Эрон ва Русия доштаем.

Оқои Азизӣ, коҳиш дар маҳдӯдиятҳои интиқоли пул аз тариқи ҳаволаи арзӣ (TТ) ва тасҳил дар раванди харидории маводи аввалия, табдили Афғонистон ба чаҳорроҳи минтақа, фаъолсозии муҷаддади даҳлезҳои ҳавоӣ, фароҳам кардани тасҳилот дар судӯри визои тиҷорӣ аз кишварҳои минтақа ба тоҷирони афғон, гирифтани муҷаввизи транзити маводи нафтӣ аз масири Эрон ба Афғонистон ва баргузории чандин намоишгоҳро аз дастовардҳои муҳими ин вазоратхона хонд.

Ёдовар мешавем, ки пас аз иваз шудани ҳокимият дар моҳи августи соли 2021 вазъ дар ин кишвар ба таври назаррас бадтар шуд. Дар кишвар бӯҳрони башардӯстона ба амал омад. Бар асари мунҷамид шудани дороиҳои хориҷӣ, кишвар қариб бепул монд ва тарки оммавии мутахассисон боиси мушкилоти ҷиддӣ дар бахши тиб гардид.

Дар Афғонистон низ вазъи иқтисодӣ босуръат бад мешавад: қимати маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ дар ҳоли болоравӣ қарор дорад. Садҳо ҳазор нафар аз кор маҳрум ва фаъолияти молӣ дар ин кишвар башиддат коҳиш ёфтааст.

Таҳти рохбарии толибон давлат дар вазъияти вазнин қарор дорад, қашшокӣ, терроризм ва савдои маводи мухаддир дар он авҷ гирифтааст.

Сарчашма:​Sputnik​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.