расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Соҳибовҳо роҳи як маҳалларо дар Бохтар таъмир мекунад

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа / Иқтисодиёт

Соҳибовҳо роҳи як маҳалларо дар Бохтар таъмир мекунад

Дар маҳаллаи Хатлони шаҳри Бохтар бо ибтикори хонаводаи соҳибкор Соҳибовҳо кӯчаҳои ба номи Шарифамоҳи Кишвардухт, Фирдавсӣ, Камоли Хуҷандӣ, И. Куганов ва Исмоили Сомонӣ мумфарш мегарданд, иттилоъ додааст шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.

Тибқи иттилои манбаъ, барои навсозии роҳҳои маҳаллаи Хатлон қариб 50 адад техника ва беш аз 80 нафар мутахассисону кормандон ҷалб гардидаанд.

Инчунин дар ин маҳалла ба дарозии қариб ду километр қубурҳои обгузар бозсозӣ ва қубурҳои пасоб насб карда мешаванд.

Соҳибкори ташаббускор инчунин чароғонкунии кӯчаҳои маҳалларо низ ба масофаи ду километр ба нақша гирифтааст.

Қайд карда шудааст, ки зимни оғози корҳои мумфаршкунӣ Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, Раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода ва сокинони маҳалла иштирок намуданд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни суҳбат бо сокинони маҳалла аз иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи оилаи Соҳибовҳо дар солҳои охир ёдовар гардида, роҳсозиву ободониро кори савоб ва бар нафъи мардум арзёбӣ намуд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Хатлон зиёда аз 8200 иншооти таъйиноти гуногун сохта шуданд, ки беш аз 70 фоизи ин корҳо бо саҳми соҳибкорони ватанӣ анҷом ёфтаанд.

Сарчашма:​Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.