расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Таъмин бо хона ва иловапулӣ ба нафақа. Мукофотҳои давлатӣ боз чӣ имтиёзҳо дорад?

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат

Таъмин бо хона ва иловапулӣ ба нафақа. Мукофотҳои давлатӣ боз чӣ имтиёзҳо дорад?


Дирӯз, 25 август Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, бахшида ба 31 -умин солгарди истиқлоли давлатӣ ба беш аз 200 корманди соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасонӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар хизматчиён унвону мукофотҳои давлатӣ тақдим намуд.
Дар Тоҷикистон, маъмулан мукофотҳои давлатӣ дар арафаи ҷашни истиқлолияти давлатӣ супороида мешавад ва аксарият кӯшиш мекунанд, ки соҳиби унвону мукофотҳои давлатӣ шаванд.
Мукофоти давлатӣ, ҷойизаҳо ва унвонҳо дар Тоҷикистон дорои чӣ гуна имтиёзҳо мебошанд?
Додани имтиёзро ба дорандагони унвону мукофотҳои давлатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” танзим мекунад. Дар моддаи 33 қонуни мазкур имтиёзҳое, ки ба дорандагони мукофотҳои давлатӣ дода мешавад, дарҷ гардидааст.
Аз ҷумла, шахсоне, ки ба унвони Қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф мешаванд, дорои чунин имтиёзҳо мебошанд:
- иловапулии ҳармоҳа ба нафақа ба андозаи 100 дарсад;
- дар навбати аввал бо манзил таъмин кардан;
- пардохти ҳаққи манзили истиқоматӣ, ки ў ва аъзои оилааш дар он зиндагӣ менамоянд, инчунин пардохти хизматрасонии коммуналӣ ба андозаи 50 фоиз;
- дар мавриди эҳтиёҷ доштан ба табобати осоишгоҳи муолиҷавӣ ҳар сол додани роҳхати ройгон ба осоишгоҳ ва ё хонаҳои истироҳатӣ;
- як маротиба дар як сол, дар ҳудуди Тоҷикистон, рафтуомади ройгон тавассути нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ ё байнишаҳрӣ;
ройгон истифода бурдан аз нақлиёти ҷамъиятӣ (ба истиснои таксӣ) дар ҳудуди Тоҷикистон
Инчунин шахсоне, ки бо орден ва унвонҳои фахрии Тоҷикистон сарфароз мегарданд, новобаста аз дигар иловапулиҳо ба нафақа, дар ҳаҷми зерин иловапулии ҳармоҳа ба нафақа пардохт мешавад:
- ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи I – 50 фоиз;
- ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи II – 40 фоиз;
- ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи III – 30 фоиз;
- ордени Зарринтоҷ дараҷаи I – 40 фоиз;
- ордени Зарринтоҷ дараҷаи II – 30 фоиз;
- ордени Зарринтоҷ дараҷаи III – 20 фоиз;
- ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I – 35 фоиз;
- ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II – 25 фоиз;
- ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи III – 15 фоиз;
- ордени «Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон» – 15 фоиз;
- унвони фахрии Нависандаи (Шоири) халқии Тоҷикистон – 20 фоиз;
- унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон – 20 фоиз;
- унвони фахрии Ҳофизи халқии Тоҷикистон – 20 фоиз;
- унвони фахрии Рассоми халқии Тоҷикистон – 20 фоиз;
- унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон – 20 фоиз;
- унвони фахрии Арбоби ҳунари Тоҷикистон – 20 фоиз;
- унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон – 15 фоиз;
- унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон – 20 фоиз;
- унвони фахрии Донори ифтихории Тоҷикистон – 10 фоиз.
Гуфта мешавад, ки иловапулӣ ба нафақаи таъиншуда танҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон дода мешавад ва дар сурати бо ду мукофоти давлатӣ ва зиёда аз он сарфароз гардидани шахс, ӯ барои ҳар як унвон дар алоҳидагӣ иловапулӣ мегирад.
Ҳамчунин, нависанда (шоир), ҳунарпеша, ҳофиз ва расоми халқии Тоҷикистон дар ҳолати реҳлат, дар оромгоҳи шахсиятҳои маъруфи кишвар “Лучоб” дафн карда мешаванд.
Маълум нест, ки дар Тоҷикистон чанд нафар дорандаи мукофоти давлатӣ ҳастанд. Ҳамасола садҳо нафар дар арафаи иду ҷашнҳои давлатӣ соҳиби чунин мукофоту унвонҳо мешаванд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.